Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Созмони милал эронӣ будани таслиҳоти ҳамла ба Aramko-ро таъйид накард

$
0
0

Дабири кулли Созмони милал эълом кард наметавонд эронӣ будани паҳподҳо ва мушакҳои мавриди истифода дар ҳамла ба Aramko-и Арабистони саудиро таъйид кунад. 

Анто́ниу Гутерриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид бо ироаи ҳаштумин гузориши қатъномаи 2231 шӯрои амнияти Созмони милал дар бораи тавофуқи ҳастаии Эрон гуфт: Бозрасонони мон лошаҳои сомонаҳои таслиҳотии мавриди истифода дар ҳамалот ба шаҳри Афиф дар моҳи май, ба фурудгоҳи Абҳо дар июн ва август ва таъсисоти нафтии Aramko-и Арабистони саудӣ дар сентябрро маврид баррасӣ қарор доданд. 

Вай афзуд: Созмони милали муттаҳид натавонист таъйид кунад, ки мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, ки дар ин ҳамалот мавриди истифода қарор гирифтаанд сохти Эрон буда, ё ба шакле муғойир бо қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид мунтақил шудаанд. 

Гутерриш таъкид кард: ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооти изофӣ дар бораи ин мушакҳо ва паҳподҳо идома дорад. Ҳусиҳо٬ ин навъ паҳподҳоеро, ки дар ҳамла ба Арабистони саудӣ истифода шуд дар ихтиёр надоранд. 

Вай идома дод: ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини муҷаҳҳаз ба жирускупи навъи «model v9» дар соли 2016 дар Афғонистон мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳанӯз созандаи ин навъи паҳпод мушаххас нашудааст. 

Ҳамла ба  Aramko 

Дар пайи ҳамлаи паҳподи моҳи сентябри гузашта ба ду полоишгоҳи нафтии ширкати миллии нафти Арабистони саудӣ (Aramko) ангушти иттиҳом ба сӯи Эрон нишона рафт ва ин кишвар муттаҳам ба даст доштан дар ин ҳамла шуд. 

Пас аз ин ҳамла тавлиди нафти Арабистони саудӣ шоҳиди коҳиши 5.7 миллион бушкаӣ дар рӯз буда, ки муодили тақрибан 50 дарсади кулли нафти тавлидии ин кишвар ба шумор мерафт. 

Яҳё Сареъ, сухангӯи шибҳинизомиёни Ҳусӣ эълом кард, ки ин гурӯҳ бо 10 фурванд паҳпод ду полоишгоҳи нафтии ширкати Aramko-ро дар Бақиқ ва Харис дар шарқи Арабистони саудӣ ҳадаф қарор додааст. 

Аз сӯи дигар Турки ибн Файсал Ас-Сауд сухангӯи нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Арабистони саудӣ дар Яман низ эълом кард: Ҳамла ба таъсисоти нафтии ширкати  Aramko аз хориҷи Яман ва тавассути силоҳҳои эронӣ сурат гирифтааст. 

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико, Эронро омили ҳамла ба таъсисоти нафтии  Aramko-и Арабистони саудӣ муаррифӣ ва барои аввалин бор ин ҳамларо “иқдоми ҷангӣ” тавсиф кард. 

Муҳаммадҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон низ дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт: “иқдоми ҷангӣ” ё таҳрик ба ҷанг? Бозмондаҳои “тими Б” (ба иловаи муттаҳидони ҷоҳталаби онҳо) талош мекунанд Трампро фиреб дода ва ба сӯи ҷанг бикашонанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>