Сухангӯи комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон аз омодагии ин ниҳод барои эъломи натоиҷи интихоботи риёсатҷумҳурии 28 сентябр дар 27 вилоят хабар дод.
Забеҳуллоҳ Содот, сухангӯи комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ба расонаҳо гуфт: Барои эъломи натоиҷи интихоботи риёсатҷумҳурии 28 сентябр дар 27 вилоят, ки раванди бозшуморӣ дар онҳо ба поён расида аст, эъломи омодагӣ мекунем.
Вай афзуд: Ҳаводорони бархе аҳзоб дар ҳафт вилояти Афғонистон бо раванди бозшумории оро мухолиф карданд, бинобарин дар марҳалаи аввалияи натоиҷи 27 вилоятро эълом хоҳем кард.
Гуфтанист қарор буд натоиҷи аввалияи интихобот дар таърихи 19 октябр эълом шавад, аммо комиссиюни мустақили мазкур ин амрро ба 14 ноябр интиқол кард. Ба далели бозшумории оро ва эътирозоти ҳаводорони аҳзоб ҳанӯз натоиҷи ин интихобот эълом нашудааст.
Чаҳорумин интихоботи риёсатҷмҳурии Афғонистон пас аз сарнагуни Толибон дар соли 2001, дар таърихи 28 сентябри имсол баргузор шуд. Ин интихобот барои ҳифзи амнияти мардум дар муқобили ҳамалоти эҳтимолии Толибон таҳти тадобири шадиди амниятӣ баргузор шуд.
Дар ин интихобот 2 миллиону 695 ҳазор нафар аз маҷмӯъи 9.6 миллион воҷиди шароити раъй додан барои баргузидани яке аз 14 номзади пости риёсатҷумҳурии Афғонистон ширкат карданд. Мизони мушорикат дар интихоботи риёсатҷмҳурии Афғонистон дар соли 2014 беш аз 50 дарсад буд.