Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Танҳо 30 дарсад тавонистаанд маблағҳои интиқолиашонро гиранд

$
0
0

Бонки миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки  давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар тамоми манотиқи Тоҷикистон то соати 19:00 тамдид карда шуд.

Масъулини Бонки миллӣ таъкид намудаанд, ки , шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳрвандон бо вуҷуди навбатпоии тӯлонӣ дар бонкҳо наметавонанд маблағҳои худро дарёфт кунанд. Тибқи иттилоъи як мабаъи Паём, танҳо ҳудуди 30 дарсади муштариён муваффақ ба гирифтани пулҳои ба номашон интиқолшуда гаштаанд.

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ иттилоъ додааст: “Ба таваҷҷуҳи аҳолии кишвар мерасонем, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷон ва саривақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ, аз 11 декабри соли равон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муаззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар тамоми манотиқи кишвар то соати 19:00 тамдид намоянд”.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд ва аз хизматрасониҳои дигари бонкӣ истифода намоянд. Аммо хонандагони Паём менависанд ирсоли маблағ ба хориҷ ҳоло тақрибан ғайриимкон аст.

Шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки мӯҷиби овозаву сарусадоҳо ва нигарониву сарсониҳои зиёди муштариёни бонкҳои кишвар шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>