Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ГАБОН (Садо)

$
0
0

Габон яке аз ҷумҳуриҳои орому бехавф дар минтақаи Африқои марказӣ мавқеъ гирифтааст. Ҳамсарҳад бо давлатҳои Конго, Камерун ва Гвинеяи Экваторӣ мебошад. Савоҳили ғарбашро халиҷи Гвинея мешӯяд. Саршумори аҳолиаш он қадар бисёр нест, ҳамаги як миллиону 900 ҳазор нафар аст. Масоҳати умумии кишвар баробари 267 ҳазору 667 км мураббаъ мебошад. Дини бештари мардум насронии шохаи католикист. 

Пойтахташ шаҳри Либревил, пули миллӣ франк КФА-и Африқои ғарбӣ ба ҳисоб меравад. Забони расмии давлатиашон фаронсавӣ аст, чунки замоне дар мустамликаи кишвари Фаронса қарор дошт. Номи ин давлат аз забони португалӣ аҷоиб тарҷима мешавад, “Палтои кулоҳдор”. Истиқлолиятро соли 1960 ба даст овард. 

Асосгузорони пойтахти кишвари Габон 52 нафар мардони сияҳпӯсти асирафтодаи фаронсавиҳо буданд. Ин кишвар як навъ даромади аҷиб ҳам дорад, ки кумреза, ё худ аниқтараш рег барои соҳил-истироҳатгоҳҳои мамолики ғарб содирот мекунад. Мардуми ин кишвар ба ҳисоби миёна дар як моҳ то 500 доллар пул кор мекунанд.

Дар Габон яке аз конҳои бузургтарини марганс мавҷуд аст, ки захираи он ҳоло 225 миллион тонна мебошад. Ана аз куҷо мардумаш бой мешаванд?! 80%-и маймунҳои зоти гориллаи дунё дар ҳамин кишвар зиндагӣ мекунанд. Мардуми Габон гӯшти мор, тимсоҳ, горилла ва шимпанзеро ҳам мехӯранд. Маъмултарин ғизояшон мева-банан мебошад. Дар бисёри ҳудуди кишвар ба навор гирифтан, ё расм гирифтан, қатъиян манъ аст. 

Пойтахти кишвар Либревил, яке аз шаҳрҳои тараққикардаву зебову боҳашаммати қитъаи Африқо ба шумор меравад. Қасри президент он қадар бузург аст, ки қариб аз ҳамаи гӯшаву канори шаҳр намудор аст. Барои сохтмони ин қаср 800 миллион доллар маблағ сарф шудааст. Аҳолиаш серу пуру осуда зиндагӣ мекунанд, аммо сохти давлатдориаш ҳарчанд демокративу дунявию ҳуқуқбунёд ном дорад, аммо президенташ аз солҳои 60-уми асри гузашта бо тамоми авлоди хурояш дар сари тахт ширеш бастааст. Насаби Бонго тамоми мақомоти қудратиро фаро гирифтааст, аз ин маълум мешавад, ки на интихобот озоду шаффоф гузаронида мешавад ва на мардум озодии сухан доранд. Хеле монанд аст ин сохт ба сохти подшоҳӣ, ҳарҷанд расман давлати президентиву демократист. 

Президенти пешин Амар Бонго аз феврали соли 1967  то мурданаш дар сари мансаб буд ва баъди сари худ системаи маорифу тандурустиву алоқаву интернету  иқтисоди муайяни дар ҷунбишро гузошт. Аммо ба ҳар ҳол ӯ мурд, аммо бадии кор дар он, ки писарашро ба ҷояш гузошт, ки ҷиҳати саводи сиёсӣ ҳам, фарҳангӣ ҳам, умуман дар боби савод сифри шикофаки холӣ гуфтан мумкин буду халос. Аз чунин сиёсати фасодзадаи диктаторӣ маълум, ки агар писари президент бошӣ, барои ба ҷойи падар нишастан савод, зарурат ҳам надорад. 

Аз 30-юми августи соли 2009 курсии президентӣ насиби али Бонго гардид. Ана ҳамин Алӣ Бонго, ки гӯё президенти ғамхору меҳрубони аз ҷониби мардум интихобшудаи Габон буд, дар Габон қариб, ки наменамоид. Умраш бо сайру саёҳат ва шаробу ғизо сипарӣ мешуд. Авлоди бешумораш бошад, дар тамоми структура реша давонда, давлатро ҳамаҷониба  меҷабиданд. Ин ҷо ба мардуми кишвар раҳми Худованд омад, ки соли гузашта президент Алӣ Бонго ҳангоми бозгашт аз сайри кадом як давлат дар роҳ сактаи мағз бардошт. Як муддат тамоман касе чизе надонист дар борааш ва шояд аз мардуму аз матбуот пинҳон ҳам доштанд. Ҳангоми гирифторӣ ба бемории сактаи мағз, боз ҳам дар хориҷи кишвар табобат гирифт, ки аз камнамоиаш мардуми кишвар хеле оромона хурсанд ҳам буданд. Ба ҳар ҳол аз як президенти бесаводи худхоҳами диктатор халос мешуданд. 

Аммо нохост санаи 31-уми декабр дар оинаи нилгуни кишвар бо табрикоти солинавӣ боз ҳам президент пайдо шуд. Аз суханрониаш маълум, ки ҳангоми беморӣ қобилияти нутқу даркаш ҳам осеб пазируфтааст. Дасти росташро тамоман намеҷунбонд, пас фалачшавии тарафи росташ ҳам аз имкон дур набуд. Албатта бо чунин ҳолат, ки мардум гӯё аз давлат розиянду ҳар бор як президентро интихоб мекунанд ва ё овоз надиҳанд ҳам, президент мешавад, ҳолу рӯзи давлат дер намепояд ва дур намеравад. Ба ҳар ҳол дар кадом як гӯшаи дунё давлатҳои ҳамто вуҷуд доранд. 

Иқтисодиет 

80%-и кишвари Габон ҷангалзорони ҳамешасабзанд, ки зимистон намешавад ва доимо дар нашъунамо мебошанд.  Конҳои маъдани уран низ дар ин ҷо ҷойгиранд (захираҳои тасдиқшуда – 5,830 тонна). Кони маъдани оҳан (1400 миллион тонна) дар шимолу шарқи кишвар (Белинга) ҷойгир аст. Инчунин, ҳоло 275 миллион тонна захираи нафту газ дорад давлат, ки ҳанӯз коркард нашудааст.

Инак, содироти беҳтарини Габон, нафти хом (2.98 миллиард доллар), маъдани марганец ($ 1.01 миллиард доллар), чӯб (298 миллион доллар), маҳсулоти нафтӣ ($ 137 миллион доллар) ва киштиҳои мусофиркашон ва боркаш ($ 107 миллион доллар) Воридоти беҳтарини он Компютерҳо (236 миллион доллар), Гушти парранда (80,5 миллион доллар), Мошинҳои мусофиркашон  (80,2 миллион доллар), Доруҳои бастабандишуда (53,5 миллион доллар) ва Маҳсулоти нафтӣ (50,1 миллион доллар) мебошанд.

Беҳтарин самтҳои содиротӣ Габон Чин (2,06 миллиард доллар), Австралия (407 миллион доллар), Индонезия (324 миллион доллар), Малайзия (278 миллион доллар) ва Ҳиндустон (236 миллион доллар) мебошанд. Сарчашмаҳои беҳтарини воридотӣ Фаронса (480 миллион доллар), Чин (320 миллион доллар), Лубнон (236 миллион доллар), Белгия-Люксембург (161 миллион доллар) ва Ҷумҳурии Конго (117 миллион доллар). 

Маҷмӯи маҳсулоти дохила то нимаи соли 2019 38 миллиарду 280 миллион долларро ташкил дода, ки бар сари ҳар нафар аҳолӣ 18 ҳазору 647 доллар рост меояд. 

Соима Саидӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>