Ман Умми Фаррухам, 45 сол дорам ва дар Дайруззур, “вилояти фаровонӣ” зиндагӣ мекунам. Замоне ки ДОИШ омад, ман бо ин гурӯҳ байъат кардам ва дар пулиси динӣ истихдом шудам.
Чун ДОИШ ба сарзамини мо расид, мо шод шудем, зеро умед доштем, ки дин кишвари моро тавсеа медиҳад. Онҳо бо мардум равобити хуб доштанд, бинобар ин ман он ҷо мондам ва муддате барои ДОИШ кор кардам.
Байъат аҳде барои пайвастан ба иттиҳодест. Байъат тариқест, ки ба онҳо хоҳӣ пайваст. Ҷонибдорони оддӣ узви гурӯҳ маҳсуб намешаванд. Онҳо аз хиёнати ҷонибдорони оддӣ метарсанд, аммо онҳое, ки байъат мекунанд, узви комил мешаванд.
Ман даъват шудам ва лозим буд, то додгоҳ равам. Абуумар масъули байъат буд. Ман гуфтам: “Ман бо шумо ҳастам, бародар. Ҳар коре, ки лозим бошад, анҷом медиҳам”. Ба ҳамин тарз, ба соддагӣ байъат кардам.
Мо бояд абои кушоде мепӯшидем, ки сар то пойро мепӯшонд. Дар аввал онҳо иҷоза доданд, ки чашмонамон мастур набошанд, аммо баъдтар назарашон дар ин маврид тағйир ёфт: бояд сар то по мастур мебудӣ ва ҳатто дастпӯшак мепӯшидӣ. Чунин буд қонуни онҳо. Агар касе ин муқарраротро риоят намекард, масалан, абои танг мепӯшид ва ё чизи дурахшандае дар абояш дошт, маънои онро дошт, ки қавоидро нақз кардааст. Рӯзе духтари тақрибан даҳсолае шалвор (поҷома)ва либоси намозхонӣ дар тан дошт. Ӯ вориди мағоза шуд, то чизе харидорӣ кунад. Чун онҳо он духтарро диданд, мошини пулиси динӣ бозистод. Онҳо диданд, ки духтар шим ва аз зери либосҳои намозхонияш свитер дорад. Марде аз мошин пиёда шуд. Ӯ кувейтӣ ё саудӣ буд. Ман аз лаҳҷааш ӯро шинохтам. Ӯ гуфт: “Чаро бо ин гуна либос берун мебароӣ?”. Духтар ба ҳадде тарсид, ки дар ҷояш идрор кард.
Барои ҷазо додани онҳое, ки гуноҳи кӯчаки ахлоқӣ мекарданд, “нешзан”-е истихдом шуда буд. Ӯ занҳоро мегазид. Боре ӯ қафаси синаи занеро газид ва то замоне ки зан дарнагузашт, аз шиканҷаи ӯ даст набардошт. Ҳамчунин ҳикояти занеро низ медонам, ки он замон таваллуд карда буду кӯдакаш таб дошт. Ӯ боизтироб аз хонааш берун шуд, то аз дорухона дору харидорӣ кунад, ки мошини пулис аз наздаш гузашт ва ӯро боздошту бо чунин лаҳне суолаш карданд: “Чаро берун баромадӣ? Фоҳишаӣ? Чаро бо чунин либос берун баромадӣ?”. Ӯ абои нафиси ёзандаи танг ба бар дошт. Онҳо ба ӯ раҳм накарданд. Ҳарчанд ӯ гуфт, ки тоза таваллуд кардааст, аммо “нешзан” дандонҳояшро алайҳи ӯ истифода кард. “Нешзан”дар баъзе маворид аз дандонҳояш ва дар баъзе мавориди дигар аз анбӯр истифода мекард.
Онҳо ба зан ба назари таҳқир менигаранд ва маҳдудаи онҳо барои занон мисли зиндон аст. Сарфи назар аз он ки зан узви ДОИШ аст ё шаҳрванди оддӣ, дар қаламрави таҳти султаи ин гурӯҳ мисле ки дар зиндони хафакунандае зиндагӣ мекунад; хона ва ё берун барои ӯ зиндон аст; занҳо зери фишоранд; имкони нафаскашӣ нест. Ҳатто дар зимни ҳарф задан дар хона низ бояд зан муҳтот бошад. Дар пулиси динӣ низ мо дар бораи ҳамдигар чизе намедонистем. Ман иҷозат надоштам, ки дар бораи ҳамкоронам чизе бидонам ва ҳамчунин онҳо низ иҷозат надоштанд, ки дар бораи ман бидонанд. Ҳама пинҳонкорӣ мекарданд.
Замоне ки бо онҳо кор мекардам, чизҳои аҷиберо дидам. Боре ба ман гуфтанд, ки дояе омаданист ва ман дар овардани доя эшонро ҳамроҳӣ кардам. Қарор буд, ӯ ҳамсарони доишиҳоро ҳангоми таваллуди фарзанд кумак кунад. Чанд боре ӯ занҳоро ҳангоми таваллуди кӯдак кумак карда буд. Аммо баъдтар ман дарёфтам, ки ӯ на занҳои доишиҳоро дар таваллуди фарзанд кумак мекард, балки ба кумаки асирзанҳои ҷанг меомад. Ин қабил занҳо зан ё духтари узви Артиши озоди Сурия ё зану духтари “кофар”-е буданд. Мардон онҳоро таҷовуз мекарданд ва чун онҳо ҳомиладор мешуданд, доя меомад, то занҳоро сиқти ҷанин кунад.
Чун ман аз ин рафтор хабар ёфтам, девона шудам. Қаблан ман аз ин кор хабар надоштам. Онҳо на инсоният доштанду на муттадайин буданд.
Ман на танҳо рӯҳан хаста шудаам, балки онҳо қалби моро пора карданд. Худо қазоват хоҳад кард.
Ман онҳоро гуфтам, ки шавҳарам бемории қалбӣ дораду Ироқ барои амалиёт рафтааст, то тавонам аз онҳо гурезам.
Ба тамоми занҳое, ки ба Худо бовар доранд, муроҷиат мекунам: Ба ин гурӯҳ напайвандед. Онҳо ситамкору золиманд. Онҳо аз Худо наметарсанду ҳеҷ иртиботе бо ислом надоранд. Онҳо ҷинояткоранд.
Тарҷума аз “Ал-Ҷазира”