Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Оҷил! Нилуфар Раҷабоваро гунаҳкор эълон ва ҷарима карданд

$
0
0

Ду нафаре, ки ба хонаи Раҷабовҳо омада, худро кормандони додгоҳи ноҳияи Сино ва Додситонии кулл муаррифӣ карда буданд, онҳоро фиреб кардаанд. Онҳо гуфтаанд Нилуфарро барои рӯбарӯкунӣ бо ҷонишини сардори ШВКД СИНО-2 Истамзода Машраф, ки ӯро латукӯб ва таҳқир карда буд, ба додситонӣ мебаранд. Аммо ба додгоҳи ноҳияи Сино бурда ҷарима кардаанд.

Тибқи гуфтаи Нилуфар, ӯро ба додгоҳи ноҳияи Сино бурдаанд ва ба таҳқири Абдуллоева Раъно Ҳайдаровна, ки зимни боздошти Нилуфар худро мудири шӯъбаи кор бо занон ва оила муаррифӣ карда буд, муттаҳам кардаанд. 

Ба додгоҳ “шоҳид”-еро овардаанд, ки ба гуфтаи Нилуфар қаблан надида будааст ва он “шоҳид” шаҳодат медиҳад, ки зимни боздошт Раҷабова Нилуфар корманди ҳукумат Раъно Абдуллоеваро дашном кардааст. Пешниҳоди Нилуфар мабнӣ ба гӯш кардани сабте, ки зимни боздошт шуда будро додрас ба эътибор намегирад.

Додрас, ки ҳатто худашро муаррифӣ накардааст Нилуфар Раҷабоваро бо моддаҳои 136 (Таҳқир) ва 146-и  (Вайрон кардани маҳрамияти мукотиба сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобирот телеграфӣ ё дигар  мухобирот) гунаҳкор ва ба пардохти 550 сомонӣ ҷарима муваззаф сохтааст. Дар ҳамин ҳол қарори додгоҳро ба Нилуфар надода, танҳо дар як қоғазпора маблағи ҷарима ва макони супоридани онро навишта додаанд. Ин ҳам он қоғазпора:

Кӯшиши Нилуфар барои фаҳмидани ному насаби додрас бенатиҷа анҷом ёфтааст. Ба ӯ гуфтаанд, ки “ин сирри махфӣ аст”. 

Нилуфар мегӯяд барои пардохти ҷарима маблағ надорад ва алъон наметавонад онро бипардозад.

Дар сабте, ки Шӯҳрати Раҳматулло ба Паём ирсол кард, шунида мешавад Нилуфар ба Раъно Абдуллоева мегӯяд ин 550 сомон ҷаримаи маро Худованд аз биниат мекашад ва ӯ дар посух мегӯяд, ки “к.ната бо шохи гов ҷанг наандоз, ҳукумат беҳад бузург аст”.

Гуфтанист, рӯзи шанбе, 14 декабр Нилуфар Раҷабова ҳамроҳ бо даҳҳо зани дигар аз тарафи намояндагони чанд мақомоти давлатӣ боздошт шуда ба ШВКД Сино-2 бурда шуд. Муовини сардори ин шӯъба Истамзода Машраф Истамӣ баъди фаҳмидани он ки Нилуфар хоҳари Шӯҳрати Раҳматулло ва духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб аст, ӯро таҳқир, латукӯб ва таҳдид ба таҷовуз кард.  

Ин хабар бозтоби густардае дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ ва ғайритоҷикӣ дошт ва то ҳоло дорад бо шиддат дар расонаҳои ҷаҳон паҳн мешавад. Ҳамчунин ин ҷинояти подполковники милиса ба вокуниши тунди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шуд. Ҳазорҳо нафар ВКД-ро бо шиддат маҳкум карда, талаб доранд, ки Истамзода ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад. 

Нилуфар Раҷабова дирӯз ба Вазорати корҳои дохилӣ бо аризаи шикоятӣ муроҷиъат кард. Дар вазорат аризаи ӯро қабул карданд, аммо аз имзо гузоштан дар нусхаи дардасташбуда худдорӣ кардаанд. ВКД эълон кард, ки ба тафтиши қазия шурӯъ кардааст. 

Таҷрибаҳо ниҳон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон кормандон мақомоти интизомиву тафтишотӣ ё иҷроия вақте ҷиноят карданд, на танҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, балки ба вазифаи болотар мераванд. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>