Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Мақоми 121-уми Тоҷикистон дар раддабандии FIFA

$
0
0

Дар соли 2019 мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳамагӣ 12 бозӣ гузаронид ва дар зинаи 121-уми рейтинги ФИФА қарор гирифт. 

Охирин раддабандии дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳон дар торнамои расмии ФИФА нашр шуд. Тоҷикистон имсол бо касби 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум қарор гирифт.

Дар панҷгонаи аввали раддабандии ҷаҳонӣ мунтахаби Белгия, Фаронса,  Бразилия, Англия ва Уругвай қарр доранд.

Мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои охирини худро дар соли равон  моҳи ноябр дар доираи мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бо тимҳои Мянма 3:4 ва Қирғизистон 1:1 баргузор кард.

Мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев соли 2019 ҳамагӣ 12 бозӣ гузаронид: 5 вохӯрӣ дар мусобиқаи даври интихобӣии ҷоми Ҷаҳон-2022, 3 бозии дӯстона ва 4 вохӯрӣ дар доираи мусобиқаи «Hero InterContinental Cup 2019» дар Ҳиндустон анҷом дод.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>