Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Жээнбеков: Тоҷикистон хеле масъалаи мушкил аст

$
0
0

Дар нишасти матбуотии солонааш раисҷумҳури Қирғизистон ба масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳам пардохт ва онро “масъалаи хеле мушкил” номид. 

“Тоҷикистон хеле масъалаи мушкил аст, бояд ошкоро дар ин бора бигӯям” – гуфт раисҷумҳури Қирғизистон дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар масоили марзӣ. 

Жээнбеков қайд кард, ки дар ин рӯзҳо низ барои ҳали масоили марзӣ вохӯриву гуфтушуниди дуҷониба идома дорад. “Мавқеъи мо дақиқ аст – мо омодаи баррасӣ ва омодаи иваз ҳастем. Вале масъала бояд дар асосли факту далоил ҳал шавад. Гуфтугӯҳо, ҳарчанд бо гомҳои хурд, аммо пеш мераванд. Корҳо барои ҳали масоили марзӣ ҷараён доранд, аммо на дар ҳаде, ки мо мехостем” – гуфт раисҷумҳури Қирғизистон. 

Ӯ ҳамчунин таъкид кард: “Беҳтарин гузина – бо роҳи дипломосӣ ва гуфтугӯ ҳал кардани ин масъала аст, чун хеле нозук мебошад. Ман ҳар дафъа мепурсам, ки вазъ дар навоҳии наздимарзии вилояти Баткен чӣ гуна аст”.  

Сооронбай Жээнбеков аз рӯзноманигорон ҳам даъват кард дар пӯшиш додани масоили марзӣ эҳтиёткор бошанд. “Нафароне ҳастанд, ки наметавонанд эҳсосоти худро контрол кунанд. Бояд худро ба даст гирифт” – гуфт ӯ. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>