Полиси Олмон эълом кард ёздаҳ муҳоҷирро, ки даруни контейнери яхчолии як боркаш махфӣ шуда буданд дар бузургроҳе дар иёлоти Бавариёи ин кишвар ёфтааст.
Бино ба гуфтаи мақомоти полис, ин муҳоҷирон, ки ҳамагӣ афғон ҳастанд байни 14 то 31 сол доранд ва зоҳиран дар Сербистон савори ин боркаш шудаанд. Сардхонаи мутаҳаррики ин боркаш, ки аз Туркия ба Брюссел мерафта, пур аз мева будааст.
Ронандаи боркаш, ки дар наздикии марзи Утриш дар истгоҳи байнироҳӣ таваққуф мекунад мутаваҷҷеҳи садоҳое мешавад шабеҳи зарбаҳое, ки аз дохил ба баданаи контейнер мехӯрд.
Полис аз роҳ мерасад ва бо кушодани дарҳои яхчоли контейнер муҳоҷирони ҷавонро пайдо мекунад. Ҷавонони муҳоҷир муддаӣ мешаванд, ки дар роҳ мушкили нафасгирӣ пайдо кардаанд.
Бинобар эъломи полис ронандаи боркаш мадорике ироа кардааст, ки исбот мекунад аз ҳузури муҳоҷирон дар василаи нақлияи худ бехабар будааст.
Дар моҳи октябри соли ҷорӣ низ аҷсоди 39 муҳоҷири чинӣ дар боркаш дар Лондон ёфт шуд ва мақомоти Брюссел эълом карданд, ки қурбониёни ин боркаш пеш аз расидан ба Бритониё ва ҳини убур аз бандари Зебругаи Белгия, дар хунукии 25 дараҷа дар контейнер маҳбус шуда будаанд.