Минбаъд нафаронеро, ки тавассути иртиботи ҷинсӣ дигаронро ба вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ олуда мекунанд, аз 8 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Тарҳи тағйирот кодекси ҷиноиро дирӯз 25 декабр Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон тасвиб кард.
Узви Маҷлиси Миллӣ Қаноатшоҳ Лоиқзода гуфт нафароне, ки дигаронро тавассути робитаи ҷинсӣ ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор мекунанд, аз 8 то 10 сол зиндонӣ хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, агар фарди гунаҳкор мансабдор бошад, баъд аз адои ҷазо панҷ сол аз ҳаққи ишғоли мансаб маҳрум мегардад.
Тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар як соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 1400 нафари гирфитори вируси норасоии масунияти бадан сабт шудааст. Ба гуфтаи масъулони Вазорати тандурустӣ беш аз 70 дарсади ин шумор бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мубталои ин беморӣ шудаанд.
Коршиносон мегӯянд ҷазои ҷиноӣ метавонад дар пешгирӣ аз афзоиши ин бемории сироятӣ таъсир расонад, вале муҳимтар аз он тарбияи ахлоқии ҷавонон аст. Минҷумла баргардонидани воизоне, ки байни мардум обрӯву эътибор доштанд, аз ҷумла хонаводаи Тураҷонзодаҳо, ба минбари масоҷид.
Муқаррароти нав дар моддаи 142-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар моддаи 125-и Кодекси ҷиноӣ барои амдан гирифтор кардани шахси дигар ба вируси норасоии масунияти бадан аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ гардидааст.
Шаш сокини Тоҷикистон бо иттиҳоми амдан олуда кардани дигарон ба ВИЧ дар се соли охир боздошт ва се нафари онҳо ба ҳукми зиндон гирифтанд.