Дар пасманзари баҳсҳои тунд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷаҳонӣ шудани қазияи Нилуфар Раҷабова, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи охири шаҳрдорӣ таъкид бар мубориза алайҳи “фарҳанги бегона” кардааст. Ин ки мақомот зери мафҳуми “фарҳанги бегона” сатру ҳиҷоб ва либоси мазҳабии занони мусалмони тоҷикро дар назар доранд, дигар ҳақиқати бебаҳс аст -то ҳол ҳеҷ “фарҳанг”-и дигаре ба ҷуз либоси занони мусалмон аз тарафи мақомот бегона номида нашудааст.
Дар қароре, ки шаҳрдор иҷрояшро дастур додааст чунин меояд: “Фароҳам овардани шароит оид ба татбиқи ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат ва ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон, бахусус оилаҳои осебпазир ва тақвияти сатҳи донишу маърифати онҳо, таҳкими муносибати солим дар оила ва муқовимат ба омилҳои парокандасозии он, пешгирии никоҳи барвақтӣ, фарҳанги бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ ва дигар буҳронҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни занону духтарон”.
Дар назари аввал “пешгирии фарҳангӣ бегонапарастӣ” дар қатори чанд супориши дигар ва ҳатто дар яке аз охирин мавҷеъҳо ҷой гирифтааст ва ҷои нигаронии чандоне надорад. Аммо таҷрибаи қариб даҳсолаи охир нишон медиҳад. ки аз тамоми ин мавзӯъҳо мақомот танҳо ба мубориза бо “фарҳанги бегона” шиддат мебахшанд ва тамоми дигар мавзӯъҳои зикршуда дар қарор ҳамин тавр рӯи қоғаз мемонад. Барои итминон ҳосил кардан, хонандаи гиромӣ метавонад ҳамаи қарорҳои ба ҳамин монанди ҳукуматҳои марказӣ ва маҳаллиро ба баррасӣ бигирад ва таҳқиқ кунад, ки ба ҷуз ҳамин мавзӯъ мақомот ба кадоми дигари он пардохтаанд.
Бо ин қарораш Рустами Эмомалӣ зимнан эълон кард, ки дар сурати расиданаш ба қудрат (ки тақрибан шубҳае нест) сиёсати падарашро дар қиболи дину мазҳаб идома хоҳад дод ва ҳеҷ тағқироте дар ин самт ворид кардани нест.
Вале чаро шаҳрдори Душанбе дар арафаи интихобот, ки аксари коршиносон ширкаташ дар онро ба ҳайси номзади раёсатҷумҳурӣ қатъишуда меноманд ба масъалае пардохт, ки айнан дар ҳамин шабу рӯз доғ шудааст ва бо суръат ба расонаҳои байналмилалӣ роҳ меёбад? Аз тарафи дигар, масъалаи ҳиҷоб барои ҳади ақал сеяки мардуми кишвар ҳамеша доғ аст ва дар гумон аст рӯзе он барояшон беаҳамият шавад. Чун масъала динӣ ва номусист. Дигар имкони баргаштан ба ҳади ақал 40 соли пеш ва мағзшӯии саросарии мардум вуҷуд надорад – дар асри интернет ва иттилоъот ин кор ғайриимкон аст.
Сиёсатмадорон мекӯшанд дар арафаи интихобот ҳатто бо майдатарин гурӯҳҳо ҳам канор биёянд ва ҳади ақал то пирӯзиашон кореро анҷом надиҳанд, ки гурӯҳеро алайҳи худ қарор диҳанд. Аммо Рустами Эмомалӣ сароҳатан эълон кард, ки ҳамчунон ба сиёстаи таҳқири мардону занони мутадаййин, нақзи озодиҳои динӣ ва таъқиби фаъолони мазҳабӣ идома хоҳад дод. Чаро ӯ ними мардуми кишварро бидуни истиҳола дар муқобили худаш қарор медиҳад?
Инҷо, ба андешаи мо мешавад се тахмин зад:
1. Писару падар дигар ба андешаву эҳсосоти мардум туф кардаанд ва мутмаъинанд, ки бидуни дастгирии авом ҳам қудраташонро ҳифз хоҳанд кард;
2. Ҳанӯз ҳам хатари асосӣ ба курсиву мақомашонро дар мардуми мазҳабӣ мебинанд ва бар инанд, ки мазҳаб дар кишвар бояд на танҳо аз сиёсат, балки кӯчаву идораҳо ҳам ронда шуда, танҳо ҳақи ҷой доштан дар хонаҳо ва ҳатто дилҳои мардумро дошта бошад;
3. Илоҷе ҷуз мубориза бо дину диндорон надоранд, чун бақои сиёсиву иқтисодиашон ба ҳамин машрут аст.
Мардум назди Оила дигар қадре надорад
Аз амалкардҳои аъзои оилаи раисҷумҳур, аз ҷумла худи ӯ ва писараш Рустам метавон ин натиҷаро ҳам гирифт, ки сабру сукути мардум, афзоиши ҳарчи бештари тамаллуқу тамаллуқкорон, иҷрои бечунучарои фармони дилхоҳ аъзои Оила ба онҳо ин ҷасоратро додааст, ки дигар қадру қимате ба назару андешаи мардум қоил набошанд. Мутмаъин гарданд, ки дигар ҳар коре анҷом медиҳанд, ҳар зулме болои мардум таҳмил мекунанд ва ҳар қадаре аз боигариҳои кишварро ба хориҷ мебаранд, касе алайҳашон қиём нахоҳад кард. Қиём чӣ, ҳарфе нахоҳад гуфт.
Мисоли дигари ин итминони онҳоро таъсиси Маркази протсессингӣ аз тарафи домоди раисҷумҳур Ҷамолиддин Нуралиев мешавад гуфт, ки беш се ҳафта аст садҳо ҳазор муҳоҷир ва пайвандони онҳоро саргардон ва ба кисаи онҳо миллионҳо доллар зарар ворид кардааст, садоҳои эътироз аз ҳар тараф баланд мешаванд, вале на худи Нуралиев ва на ҳукумат ба он эътиное намекунанд. Ин гуна мисолҳоро, ки аъзои Оила ба мардум пашизе қоил нест, метавон даҳҳо адад овард.
Аммо аз тарафи дигар, Раҳмону ҳукуматаш дар арафаи интихобот корҳое анҷом медиҳанд, ки гӯё мехоҳанд таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ҷалб созанд ва раъйи онҳоро соҳиб шаванд. Мисолаш ҳам афвест, ки имсол раисҷумҳур имзо кард ва 7 000 нафарро аз зиндонҳову дар умум 20 000 нафарро аз ҷавобгарӣ озод сохт. Бештари коршиносон мутмаъинанд, ки афв бастагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъ дорад. Вале агар афв ба қисмати бисёр ками мардум дахл дошт, сатру ҳиҷоб ба ҳади ақал 30 дарсади аҳолии кишвар ва интиқоли пул ба 80 дарсади хонавода бастагӣ дорад.
Андешаи дигар ҳам вуҷуд дорад, ки на танҳо назари мардум, балки ҳарфи худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам назди аъзои хонаводааш дигар қадре надорад. Ҳар фарзанди ӯ, бахусус онҳое, ки дар ҳукумат ҳам даст ёфтаанд, мисли Озодаву Рустам худро молики комилҳуқуқи ин кишвар меҳисобад ва ҳар кореро дилаш хост анҷом медиҳад. Вагарна чаро Озодаву шавҳараш дар арафаи интихобот кореро кунанд, ки ба обрӯи падару бародараш латма ворид месозад?
Хатари асосӣ ба Раҳмону хонаводааш мазҳабиҳоянд
Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон зери парчами сурхи Шӯравӣ бо шиори барқарории он ва алайҳи мазҳабиҳову демокросихоҳон ҷангида буд, солҳои аввали ҳукуматаш бадбиниву душмании чандоне ба мазҳабиён нишон намедод. Ҳатто мекӯшид худро нафари аҷргузор ба арзишҳои динӣ намоиш диҳад. Эълони соли бузургдошти Имоми Аъзам ва даъвати меҳмонон аз тамоми ҷаҳон боризтарин намунаи ин кӯшишҳои ӯ буд.
Аммо ҳамагӣ баъди як соли ин маърака, амалкарди ӯ дар қиболи мазҳабиён пурра тағйир кард. Раҳмон алайҳи ягона ҳизби динӣ дар кишвар ва ҳама гурӯҳҳои исломӣ ҷанги пинҳонӣ эълон кард, ки натиҷааш ҳам протоколи маъруфи 3220 гардид. Ин тағйири мавқеъ ва эълон ҷанг боис шуд ҳамагӣ дар 5 сол тамоми гурӯҳҳои исломӣ ва дуввумин ҳизби бузурги кишвар аз саҳнаи диниву сиёсии кишвар берун карда шаванд.
Сабаби тағйири якбораи мавқеъи Раҳмон ва ҳукуматашро коршиносон дар интихоботи соли 2010 мебинанд. Дар он интихобот ҲНИТ бо нақшаи муден ворид шуд ва тавонист тибқи ҳисобҳои гуногун аз 45 то 60 дарсади овозҳои мардумро касб кунад. Ҳарчанд ҳукумат бо тақаллуб танҳо каме бештар аз 8 дарсади онро ба ҲНИТ дод, вале ин натиҷа, ки Наҳзат тавонист байни 8 ҳизб беш аз 50 дарсади овозҳоро соҳиб шавад, Раҳмонро ба таҳлука андохт ва донист, ки хатари асосӣ барои курсиаш ҳамин ҳизб аст.
Ҳоло ҲНИТ на танҳо аз саҳнаи сиёсӣ, аз кишвар ҳам ронда шудааст, тамоми гурӯҳҳои мазҳабӣ пароканда шуда, қисмате зиндонӣ ва қисмате фирорӣ шудаанд, минбарҳои масоҷид пурра ба дасти гумоштагони ҳукумат гузаштанд. Вале чаро ҳукумат даст аз таъқиби мазҳабиҳо ва ҷанг бо дин барнамедорад?
Инҷо мешавад ду посух тахмин зад:
а) Раҳмон мазҳабиёнро душмани худашу курсиаш меҳисобад ва аз рӯи қоидаи ҷангии “душманро бояд комилан саркӯб кард” амал мекунад;
б) Ӯ нисбати мазҳабиҳо кина дорад (таҷрибаҳо нишон додаанд, ки Раҳмон бисёр кинагир аст ва солҳо онро дар дилаш нигоҳ медорад) ва наметавонад вуҷуди онҳо дар ҷомеъаро таҳаммул созад.
Раҳмон маҷбур ба мубориза алайҳи мазҳабиҳост
Шабоҳати бисёр наздики зинаҳо, усул ва сабки мубориза бо ҳизбу гурӯҳҳои мазҳабӣ ба ончи дар кишварҳои абарқудрати ҳамсояву шарикони стратегӣ сурат гирифт, гурӯҳе аз коршиносонро ба ин хулоса овардааст, ки вуҷуди ҳукумати хонаводагии Раҳмон машрут ба мубориза алайҳи мазҳабиён ва костани таъсири онҳо дар ҷомеъа аст.
Коршиносон ба ин назаранд, ҳомиёни хориҷии ҳукумати Раҳмон, ё бо ибораи дӯстдоштаи худи ӯ хоҷагони хориҷиаш, қудратгирии мазҳабиҳо дар Тоҷикистонро намехоҳанд ва кӯмакҳои сиёсиву иқтисодиашонро машрут ба костани мавқеъи мазҳабаиҳо дар ҷомеъа кардаанд. Ин аст, ки Раҳмон маҷбур ба мубориза алайҳи мазҳабиҳост.
Аз ин ҷост, ки Рустами Эмомалӣ ҳам барои дарёфти ризояти хоҷагони хориҷии падараш ба интиқоли қудрат, бояд собит созад аз сиёсати пешгирифтаи падараш мунҳариф шудани нест ва ҳар амру дархости хоҷагонашонро бечунучаро анҷом хоҳад дод.
Барои хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон аз дастгирии мардум дида, ҷалби ризояти хоҷагони хориҷашон муҳимтар аст. Ин оила дар 27 соли ҳукмронӣ ба ин натиҷа расидааст, ки мардум ҳар зулмеро таҳаммул хоҳад кард, аммо бояд мувозиби мавқеъи хоҷагон бояд буд.