Минбаъд ҳар сармоягузоре, ки ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз як миллион доллар сармоягузорӣ мекунад, соҳиби раводид ё визаи панҷсола хоҳад шуд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонааш ба парлумон хабар дод.
Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонааш ба Вазорати умури хориҷӣ дастур дод, ки ба соҳибкороне, ки ба иқтисоди кишвар беш аз як миллион доллар сармоягузорӣ мекунанд, “раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад”.
Гуфтанист, дар сурати сармоягузорӣ дар ҳаҷми $250 000 метавонед шаҳрвандии Туркияро дарёфт кунед.
$100 000 сармоягузорӣ кафолат медиҳад, ки ҳақи истиқомати ҳамешагӣ дар Украинаро пайдо намоед.
Ҳамин миқдор сармоягузорӣ дар Молдова ба шумо имкони гирифтани шаҳрвандии ин кишварро медиҳад.
$ 800 000 сармоягузорӣ ба шумо шаҳрвандии Малта – кишвари узви Иттиҳоди Аврупоро кафолат медиҳад, ки метавонед ба 150 кишвари дунё бидуни виза сафар кунед.
$400 000 сармоягузорӣ иҷозаи дарёфти ҳақи истиқомат дар Пуртуғолро медиҳад.
Дар ҳамин ҳол баъди $1 000 000 сармоягузорӣ, як хориҷӣ метавонад аз мақомоти Тоҷикистон танҳо визаи 5 сола дарёфт кунад.