Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Туркия аз аввалин мошини миллиаш рӯнамоӣ кард

$
0
0

Имрӯз 27 декабр раисҷумҳури Туркия аз аввалин мошини сохти миллии ин кишвар бо номи TOGG рӯнамоӣ кард.

Ин аввалин худрави сохти Туркия аст, ки гуфта мешавад ба зудӣ ба фурӯш бароварда хоҳад шуд. Навори рӯнамоӣ аз ин худравро инҷо бубинед:

Раҷаб Тайииб Урдуғон тайи суханоне дар маросими рӯнамои худрави миллии Туркия гуфт: Имрӯз ҳама бо ҳам шоҳиди як рӯзи таърихӣ ва таҳаққуқи як рӯъёи 60 солаи Туркия мешавем. 

Беш аз 100 муҳандиси кишварамон ба таври шабонарӯзӣ барои проекти тавлиди худрави миллӣ талош карданд. 

Тафаккуре, ки мухолифи хариди ҳавопаймо аз корхонаи сохти ҳавопаймо дар шаҳри Қайсария ва содироти ҳавопаймоҳои ин корхона буд, имрӯз низ вуҷуд дорад. 

Агар дар мақтаъе, ки бозори худрав дар ҳоли рушд буд, чунин иқдомоте муҳаққиқ мешуд, акнун Туркия дар ҷойгоҳи дигаре қарор дошт. 

Орзӯи мо доштани худраве аст, ки бо фановарии миллӣ ва талоши тарроҳ ва муҳандисони Туркия тавлид шавад ва боиси сарбаландии кишвармон дар саросари ҷаҳон бошад. 

Автомобили “Durim” (аввалин худрави Туркия), табдил ба кобӯси мо дар санъати худравсозӣ шуда буд. 

“Касоне, ки дар талоши сиёҳнамои автомобили “Durim” (аввалин худрави Туркия), будаанд ба ин кори худ идома хоҳанд дод. Вале мо ҳаргиз ба онҳо иҷоза нахоҳем дод”. 

Устод Наҷмуддин Арбаконро, ки мудофеъи фикри санъатӣ шудани Туркия буда ва нахустин гомро барои эҳдоси аввалин корхонаи мотор дар кишвар бардошт, ба некӣ ёд мекунем. 

Шумори барноманависро ба суръати аз 170 ҳазор ба беш аз 500 ҳазор нафар хоҳем расонд. 

Туркия дигар танҳо бозори фановариҳои ҷадид нест, балки табдил ба кишваре шуда, ки онро густариш, тавлид ва содир мекунад. 

Мухолифони пули Усмон Ғозӣ одат кардаанд, ки бо қаиқ сафар кунанд, мо намехоҳем халиҷро давр бизанем балки мехоҳем аз роҳи миёнбар пул эҳдос карда ва дар замони камтаре ба Измир бирсем. 

Тавонистанд аз тавлиди худрави “Durim” (инқилоб) ҷилавгирӣ кунанд, аммо нахоҳанд тавонист аз тавлиди худрави қарн, ки акнун онро месозем, мамонаъат кунанд. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>