Агар мо ба Қуръон ва аҳодиси Расули акрам (с) ва ба таърихи ёрони у бо диди андеша ва таҳлил ворид шавем ба чунин андеша мерасем, ки муҳимтарин чизе ки марди мусалмонро ба аҳдофаш ноил мекунад, баъди ақида бо Худо, сармоядорӣ аст. Сармояе, ки аз ваҷҳи ҳалол ба даст овардааст. Дар ҳеҷ ҷои Қуръон ва аҳодиси Паёмбари Худо дида намешавад ,ки сармоядорӣ наҳй шуда бошад. Баръакс Худованд ташвиқ барои дарёфти сармоя кардааст. Худованд мефармояд:
“Ва чун намоз тамом шуд, дар рӯи замин пароканда шавед ва аз фазли Худо биталабед (яъне дар паи кору рузӣ равед) ва Худоро бисёр ёд кунед, шояд растагор шавед.” (Ҷумъа: 10)
Ин фармудаи Худо далолат мекунад, баҳри ризқи худ ва ризқи ононе, ки сарпарастиашон бар ӯҳдаи туст, кӯшиш ба харҷ диҳӣ ва сармоя ба даст биёварӣ. Аз ин сабаб Худованд мегӯяд, ки баъди ибодат дар масҷид нанишинед ва ба ҷустуҷӯи сармоя барои ризқатон дар атрофи замин пароканда шавед. Худованд бар дастёбӣ ба рушди сармоя ва баҳрабардорӣ кардан аз манобеъи табиии замин ва обод кардани замин ва ба ислоҳ даровардани низоми зиндагии ҷомеъа таъкид кардааст.Худованд мефармояд:
“Худованд шуморо аз замин падид оварда ва обод кардани (заминро) ба шумо супурдааст.”(Ҳуд:61)
Аз ин таълимоти Қуръон равшан мегардад, ки ба сармоя ва амвол дар ислом бо нигариши бисёр мусбат нигариста шудааст ва сарват дар ислом ҷойгоҳи вежае дорад.
Бинобар ин мардеро, ки дунболи сарват ва мол меравад ва сарвату мол уро мағрур ва фирефта намекунад, сутудааст:
“Мардоне, ки ҳеҷ тиҷорат ва хариду фурӯше онҳоро аз ёди Худо ва барпо кардани намоз ва додани закот машғул намекунад. Онҳо аз рӯзе метарсанд, ки дилҳо ва дидаҳо дар он парешон ва дигаргун аст (яъне рузи қиёмат) то Худованд ба онҳо беҳтарин подоши он чиро ки анҷом додаанд (аз садақот ва хайрот) бидиҳад ва аз фазли хеш бар подошашон бияфзояд (яъне якеро ҳафсад бияфзояд). Ва Худо ҳар киро бихоҳад беҳисоб рузӣ мебахшад.” (Нур; 37 – 38)
Имом Қатода дар тафсири ин оят гуфтааст: Мардум хариду фурӯш ва тиҷорат мекарданд, валекин агар ҳаққе аз ҳуқуқи Худо барояшон пеш меомад, тиҷорат ва хариду фурӯш, онҳоро аз зикри Худо боз намедошт, то он ки ҳаққи Худоро адо мекарданд. (Бухорӣ. Боби “Тиҷорат дар хушкӣ “)
Инчунин Бухорӣ аз қавли Матар гуфтааст, ки хориҷ шудан ба қасди тиҷорат дар баҳр, боке надорад ва Худованд дар Қуръон ёд накардааст, магар ба ҳақ ва сипас ин оятро хонд:
“Ва мебинӣ киштиҳоро раванда дар дарё ва мусаххар кард дарёро (яъне дарёро дар ихтиёри онҳо қарор дод) то талаби маъишат кунед аз фазли Ӯ” (Наҳл;14)
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
“Бигӯ! Чӣ касе зинатҳои Худоро,ки барои бандагонаш падид оварда ва рӯзиҳои покизаро,ҳаром намудааст!? Бигӯ! Онҳо (яъне молу сарват) дар зиндагии дунё азони касоне аст, ки имон овардаанд (ҳарчанд кофирон ҳам бо онҳо ширкат варзанд). Дар ҳоле, ки дар рузи қиёмат махсуси онҳо хоҳад буд. Ин чунин мо оёти худро тафсил медиҳем барои гурӯҳе,ки медонанд.” (Аъроф;32)
Дар идомаи оёт Худованд мефармояд:
“(Эй Паёмбар!) бигӯ: Ҷуз ин нест, ки Парвардигори ман корҳои зиштро, чи он аз онҳо зоҳир мешавад ва чи он пинҳон бошад (ба мисли бухл, кибр ва дурӯғу кина) ҳаром карда ва низ ҳар гуноҳ ва таъаддӣ (аз ҳад гузаштан) ба ноҳақро ва низ ин ки чизеро, ки Худованд бар он ҳуҷат нозил накарда, шарики Худо қарор диҳед ва он чиро намедонед ба Ӯ нисбат диҳед.”(Аъроф;33)
Ислом бо ин таълимот дастурамале барои марди сармоядор пеш гузоштааст ва ӯро аз хислатҳои баде, ки молу сарват ӯро туғёнгар месозад, огоҳ кардааст. Аз ин сабаб дар ҷои дигар Худованд молу сармояро фитна, яъне озмоиш гуфтааст. Худованд шуморо бо додани мол ва сармоя озмоиш мекунад. Агар аз сармояат дуруст истифода кардӣ, ризои Худоро дарёфт мекунӣ. Агар бо сармояат мағрур шуда ва аз амри Худо сарпечӣ кардӣ, ризои Худоро аз даст медиҳӣ.
Ислом мусалмононро ба касб ва кори ҳалол барои дарёфти сармоя ташвиқ мекунад, то закотдиҳанда бошанд на закотгиранда. Аз ин ҷиҳат Паёмбари Худо (с) намеписандад, ки мусалмон ҳамаи молашро садақа диҳад ва худ баъд аз он ба фақирон ва ниёзмандон бипайвандад.
Аз Ҷобир бини Абдуллоҳ ривоят аст, ки гуфт: Назди Паёмбари Худо (с) будем, ки шахсе дар ҳоле, ки пораи тиллое дар даст дошт, ворид шуд ва гуфт: Эй Паёмбари Худо инро аз маъдан ба даст овардам. Инро бигир. Чун он садақа аст ва чизе ғайри он
надорам.
Паёмбар аз ӯ руй гардонд. Сипас он мард аз самти рости Паёмбар омад ва ҳамон гуфтаашро такрор кард. Боз Паёмбар аз ӯ руй гардонд. Сипас он мард аз самти чапи Паёмбар омад ва суханашро такрор кард. Дубора Паёмбар аз ӯ руй гардонд.
Сипас аз самти пушташ омад. Ин бор ӯро аз дасташ гирифт ва ба тарафаш партофт, ки агар бар ӯ бар мехурд,дардаш мекард.
Сипас Паёмбари Худо (с) гуфт: “Яке аз шумо тамоми он чиро дорад меоварад ва мегӯяд садақа аст, сипас менишинад ва дасти худро сӯи мардум дароз мекунад. Беҳтарин садақа он аст, ки бахшандааш ғанӣ ва сарватманд бошад.” (Ба ривояти Абудовуд ва Дорамӣ)
Аз ин ҳадис бар меояд, ки марди мусалмонро лозим аст аз паи дарёфти сарват кӯшиш кунад. Ҳадди ақал барои кафофи зиндагиаш.
Аз Зубайр бини Авом ривоят аст,ки Паёмбари Худо(с)фармуд: Агар касе аз шумо ресмони худро бигирад, пуштораи ҳезум бар пушти худ кашад ва онро бифурӯшад ва Худо обуруйи уро бадон васила ҳифз кунад, барояш беҳтар аст, ки аз мардум суол кунад, ба ӯ чизе диҳанд ё надиҳанд.” (Бухорӣ; 1471)
Албатта Худованд ҳамаи мардумро дар касби сарвату мол баробар накардааст ва Худованд мефармояд:
“Бегумон, Парвардгори ту барои ҳар ки бихоҳад рузиро кушода ва танг мегардонад. Дар ҳақиқат ӯ ба ҳоли бандагонаш огоҳу биност.” (Исро: 30)
Дар асри ҳозир, ки пешравии иқтисодии мардум вобаста ба муомила ва паймонбандӣ байни миллатҳои ҷаҳон шудааст, мусалмононро зарур аст, ки ба пешравии иқтисодашон андеша кунанд ва кишварашонро аз вобастагӣ аз кишварҳои сармоядор озод кунанд. Кишварҳое, ки рушди иқтисодияшон боло аст бо кӯмаки иқтисодӣ кардан бо кишварҳои фақир эътимоди мардуми он кишварро ба даст меоранд, ки ин ба фарҳанг ва озодии он мардум хатари ҷиддиро ба бор меорад. Мардум чунон ба ҳамон кишвари кӯмаккунанда эътимод мекунанд, ки ҳатто сарнавишташонро вобаста ба ҳамон кишвар медонанд ва истиқлолияташонро аз даст медиҳанд. Ҷудоияшонро аз вобастагии он кишвар зиёни худ медонанд. Бояд ҳар афроди ҳизб ё гурӯҳе, ки барои озодӣ ва истиқлолияти кишвараш мубориза мебарад, сари ин андеша кунад ва барномае дошта бошад.
Худованд дар каломи покаш дар ояҳои зиёд мусалмононро ба нафақа кардан ба мардон ва занони фақир ва бенаво ташвиқ кардааст ва ваъда додааст, ба ҳар моле, ки барои Худо нафақа мекунад подошашонро аз даҳ то ҳафтсад мепардозад. Худованд мефармояд:
“Ва ҳар молеро инфоқ кунед (подоши он) ба тариқи комил ба шумо дода мешавад ва ҳаргиз ба шумо ситам намеравад ва аз ҳаққатон кам намегузоранд.” (Бақара;272)
Ҳар ҷое, ки Худованд амр ба харҷ кардани мол ба фақирон ва бенавоён мекунад, барномаи фақрро аз рӯи замин бо дасти сармоядорон аз байн бурдан аст. Ин амр ба сармоядорон аст. Сармоядоре, ки пойбанди амр ва фармони Худо аст, назди Ӯ бузургтарин мартабаро ноил аст. Сармоядоре, ки мехоҳад дар молаш баракат аз ҷониби Худо нозил шаавад, ин чанд сифатро бояд доро бошад:
- Тақво дошта бошад;
- Ростгӯ бошад;
- Ҷавомард бошад;
- Амонатдор бошад;
- Ҷасорат дошта бошад;
- Ба Худо таваккал дошта бошад;
- Хушмуомила бошад;
- Молро аз касби ҳалол пайдо карда бошад;
- Қасам нахурад;
- Ба аҳдаш вафо кунад.
Ин чанд сифатеро, ки ин ҷо ёдовар шудем, бардошта аз аҳодиси Паёмбари Худо аст ва Паёмбар барои ҳар тоҷир ва сармоядор тавсия кардааст. Агар ҳар тоҷир ин тавсияи Паёмбари Худоро бо дилу ҷонаш иҷро кунад дар тиҷораташ муваффақ аст. Агар аз ин сифатҳо фориғболӣ кунад сармояаш ӯро дар ҳалокат меандозад ва баракат аз касбу молаш меравад ва паёмадаш ба бадӣ меанҷомад, ки Паёмбари Худо мефармояд: “Касе, ки савганди дуруғ ёд мекунад то бад-он васила мусалмонеро аз молаш маҳрум созад (ё мусалмонеро дар тиҷорат фиреб диҳад) Худовандро дар ҳоле мулоқот мекунад, ки бар вай хашмгин аст.” (Бухорӣ, 2356)
Тоҷирро зарур аст, дар ин муомилот аз сифатҳое, ки моли мусалмонро ба ноҳақ ба даст меорад, парҳез кунад, ки Худованд мефармояд:
“Ва амволатонро дар миёни худ ба ноҳақ махуред! (Бақара, 188)
Паёмбари Худо (с) тоҷири содиқу амонатдорро башорат додааст, ки рузи қиёмат бо Паёмбарон ва сиддиқин ва шуҳадо маҳшур мешаванд.
Худованд чунин сармоядорон ва тоҷирони моро зиёд гардонад ва дар тиҷораташон муваффақ гардонад!
Муҳаммадсиддиқи Абдуқодир