Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

107 кафкӯбӣ ба 177 дақиқа сафсата

$
0
0

Зимни ироаи паёми раисҷумҳур ба парлумон, ки 177 дақиқа идома кард, вакилон ва дигар ҳузурдоштагон дар ин нишаст 107 маротиба кафкӯбӣ карданд. 35 маротиба кафкӯбии онҳо бо баланд шудан аз ҷой сурат гирифт ва 11 бори он кафкубиҳои пурмавҷ ва давомдор буд.  

Ба ҳисоби миёна, вакилон дар ҳар 99 сония як бор кафкӯбӣ карданд, вале агар вақти худи кафкӯбиҳо, ки шмоили ин 177 дақиқа ҳастанд, аз ҳисоб хориҷ карда шавад, шояд дар ҳар дақиқа як маротиба қарсак зада бошанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тақрибан ним соати паёми раисҷумҳур ба терроризм, фасод ва интихобот бахшида шуда буд, ки дар ин муддат вакилон аз кафкубӣ тақрибан худдорӣ карданд. Яъне агар ин ним соат ба назар гирифта нашавад, вакилон дар ҳар 50 сония як бор каф кӯфтанд.

Вале оё паёми имсолаи раисҷумҳур арзиши ин ҳама кафкӯбиҳову аз ҷо бархостанҳоро дошт? Баъди баррасии суханронии раисҷумҳур, Паём ба ин натиҷа расид, ки тамоми ин 177 дақиқа сафсатае беш набуд, ва дар он ҳатто як иттилоъи воқеъӣ, як пешниҳоди дархӯри дарди ҷомеъа, як супорише, ки ба иҷрояш мешавад бовар кард, набуд. 

Дар бораи ин ки тамоми факту рақамҳои ироакардаи раисҷумҳур дар зимни ин ки гӯё ваъдаҳои қаблазинтихоботии ӯ дар соли 2013 иҷро шудаанд дурӯғ буданд, мо қаблан дар таҳлиле зери унвони  “Чил дурӯғи Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як дурӯғи бузург ҷой гирифт”  навишта будем. 

Як нуктаи ҷолиби паёми сесоатаи Раҳмон он буд, ки ҳарчӣ сафсата бузургтар буд, вакилон барояш баландтару тӯлонитар каф кӯфтанд. Мо ҳамаи ҳарфҳое, ки вакилон барояш кафкӯбӣ карданд, ҷамъоварӣ кардем, вале чун овардани ҳамааш матлабро хеле тӯлонӣ мекунад, бо чанд мисол иктифо менамоем. (Паём ҳозир аст, дар сурати муроҷиъат, матни пурраи ҳарфҳоеро, ки вакилон барои онҳо кафкӯбӣ карданд, дастраси хонанда намояд).

Раисҷумҳур дар паёмаш бештар аз ҳама ба сахофатмандиву хайрхоҳии соҳибкорон таваҷҷӯҳ кард. Ӯ 5 (!) маротиба ба онҳое, ки аз ҳисоби худашон мактабу боғча, роҳу пул, беморхонаву иншооти дигар бунёд мекунанд, изҳори сипос кард. Тӯлонитарину “самимитарин” кафкӯбиҳо ҳам маҳз барои ҳамин 5 изҳори сипоси раисҷумҳур буд. 

Вале чаро мо изҳори сипоси раисҷумҳур ба соҳибкорону мардуми саховатмандро ба сафсата ворид кардем? Инҷо чанд сабаб вуҷуд дорад:

1. Бунёди роҳу мактабу дигар иншоот вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумат аст. Вале ҳукумати Раҳмон дар 27 соли мавҷудияташ ҳатто як роҳи ҳисобӣ ё як мактаби дархӯри замона бунёд накардааст. Тамоми роҳу мактабҳои сохташуда ё аз ҳисоби қарзу гарнатҳои хориҷианд, ки ними онҳо аз тарафи масъулини ҳукумат дуздида мешаванд, ё аз ҳисоби худи мардум. Далелҳои зиёде мавҷуданд, ки масъулин ҳатто аз ҳамин пули садақаи мардум барои бунёди роҳу иншоот медузданд.

2. Аксари ин “саховатмандиҳо”-и соҳибкорону мардуми оддӣ маҷбурӣ буда, ҳукумати Раҳмон онҳоро бо фишори чандҷониба, ҳатто тавассути мақомоти амниятиву интизомӣ ба “хайрхоҳӣ” маҷбур месозад. Садҳо далели ин маҷбуркунӣ расонаӣ шудаанд. аслан барои ин кор далел ҳам овардан зарурат надорад – якояки мардуми кишвар ин фишорро дар пӯсти худ эҳсос кардааст. Вале ба ҳар ҳол далеле, ки чанд рӯз пеш расонаӣ шуд. Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури пойтахт соҳибкоронро маҷубр месозад, ки тӯҳфаҳои идона харидорӣ намоянд, то ҳукумат онро аз номи худаш тӯҳфа намояд:

3. Тамоми тиҷорату бизнесҳои муваффақу сердаромад аз тарафи хонаводаи раисҷумҳур монополия карда шудааст, домоду духтарҳои ӯ бузургтарину сердаромадтарин соҳибкорони кишваранд, вале на Шамсулло Соҳибов, на Ҷамолиддин Нуралиев, на Зарифбек Давлатову дигар домоду духтару писарони раисҷумҳур ҳатто ЯК СИНФХОНА бунёд накардаанд. Худи ӯ, ки тибқи маълумоти гуногун наздик ба 10 миллиард доллар дар офшорҳо ҷамъоварӣ кардааст ва моҳонааш аз 25 то 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ҳади ақал аз ҳисоби моҳонаи якмоҳааш як ҳоҷатхона дар назди ягон мактаб бунёд накардааст. Дар ҳоле, ки худат бо хонаводаат кишварро ғорат мекунӣ ва ҳозир нестӣ дар он ҳатто 1 ҳоҷатхона созӣ, изҳори сипос ба соҳибкорони саховатманд магар сафсата, ҳамоқат, дурӯягӣ ва фиреби назар нест?

4 маротиба вакилон барои “дастовардҳо”-и ҳукумат дар соҳаи энергетика кафкӯбӣ карданд. тӯлонитарини он замоне буд, ки Раҳмон гуфт  “Соли 2016 мо аҳолиро ҳамагӣ 8 соат бо барқ таъмин мекардем. Имрӯз тамоми гӯшаву канори кишвар, саноати Тоҷикистон 24 соат бо барқ таъмин аст”.  Вақте худат эътироф мекунӣ, ки дар 27 соли ҳукмрониат, дар асри 21 мардуми кишварат танҳо дар як соли охир барқро серӣ дидааст магар ҷои ифтихор ва кафкӯбист?

Инак баъзеи дигар аз сафсатаҳои раисҷумҳур, ки вакилонро барои кафкӯбӣ баланд кард ва шарҳи мо ба он:

Эмомалӣ Раҳмон: Танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад.  Агар ба ду сол тақсим кунем 7,5 миллиард ба як сол рост меояд. Ин хеле маблағи калон аст. ва хеле дастгирии ҷиддӣ аст. 

Паём: Ин дурӯғи шохдор аст. 15 миллиард, агар он ба се сол 5 миллиардӣ тақсим карда шавад (ҳарчанд Раҳмон ба ду сол тақсим мекунад) 25-30 дарсади буҷаро ташкил медиҳад ва кишвар имкони чунин хароҷоти бузургро надорад. Аз тарафи дигар аз тамоми имтиёзҳо танҳо ширкатҳои мутаалиқ ба домодҳову духтарони раисҷумҳур тааллуқ мегирад. Охирин таҳқиқоти OCCRP ҳам инро тасдиқ мекунад. 

Эмомалӣ Раҳмон: 90 дарсади содиротро маҳсулоти хом ташкил медиҳад. Бинобар ин мо супориш додем, ки минбаъд вақте ба соҳибкорони дохилӣ кону канданиҳо пешниҳод мешавад, шартнома баста шавад, ки коркард бояд дар дохил сурат гирад. 

Паём: Ин ҳам дар ҳолест Чин маъданро аз чанд кон бебаркаш ва бидуни коркард ба кишвараш мекашонад. Ҳамчунин Шамсулло Соҳибов ҳар рӯз чанд вагон маъдан бо баҳонаи “ташхиси лабараторӣ” ба ин кишвар содир мекунад.

Э.Р.: Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда, дода шуд. 1 миллиону 400 ҳазор оила, яъне беш аз як Тоҷикистони дигар соҳиби замин шуданд. Ман ҳисоб карда баромадам, дар замони шӯравӣ ҳамагӣ 75 ҳазор гектар замин тақсим карда дода шудааст.

Паём: Тибқи иддаъои раисҷумҳур ҲАР оилаи тоҷик, новобаста аз он, ки дар шаҳр истиқомат мекунад ё деҳа соҳиби замин шудааст. Шумо соҳиби замини наздиҳавлигии худ шудаед? 

Албатта, ҳатто заминҳое, ки ба мардум расидаанд танҳо тавассути ришваҳои ҳангуфт расидаанд ва ҳамин шумор ҳам ҳатто чаҳоряки иддаоъи Раҳмон нест. Масъалаи тақсими замин дар мисоли деҳаи Тӯдаи ҷамоъати Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор ба зудӣ дар таҳқиқоти Паём нашр хоҳад шуд.

Э.Р.: Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 — солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд. Ҳар як оила метавонад, обод кунед, зебо кунед. Хонаҳои худро обод кунед шароити худро беҳтар кунед умри бобаракат мебинед.

Паём: Зоҳиран ин бандаи Худо ба афсонаи худаш, ки мегӯяд Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст бовар кардааст ва фикр мекунад дар биҳишташ масолеҳи сохтмонӣ ба мардум бепул дастрас мешавад. Мардуме, ки барои харидани орд пул надорад, чӣ расад ба шакару гӯшт, бояд дар ду сол хонаашро таъмир кунад. Шумо метавонед хонаи худро то ду соли дигар таъмир ва ободу зебо гардонед? 

Э.Р.: Бинобар ин, кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 — умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар як нафари аҳолӣ дар миқёси минтақа камтарин буда, саҳми муносиби мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра мебошад.

Паём: Вақте ҳукумати шумо аз ӯҳдаи бунёди як корхона ҳам дар 27 сол намебарояд, албатта саҳми шумо дар беҳдошти вазъи экологӣ хуб мешавад. Аҷаб ифтихоре.

Э.Р.: Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, пешниҳод мешавад, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад.

Паём: Вақте баъди сармоягузории 800 ҳазор долларӣ мешавад шаҳрвандии кишвари узви Иттиҳодияи Аврпоро гирифт, ё бо 250 ҳазор доллар сармоягузорӣ шаҳрванди Туркия шуд, ё ҳамагӣ 100 ҳазор доллар сармоягузорӣ кофист, ки шаҳрвандии Молдова ба даст ояд, визаи 5-солаи шумо ба кӣ лозим? Кадом сармоягузор дар ҳоле, ки медонад баъди як соли фаъолияташ аз тарафи домод ё хусурбачаи шумо ғасб мешавад, ба Тоҷикистон меояд?

Э.Р.:  Ягон давлати дунё бе рушди илму маориф рушд карда наметавонад.

Паём: Ин кашфиёт бояд ба пештоқи идораи СММ ба ҷои он байти Саъдӣ навишта шавад.

Э.Р.: Дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Аз дастгоҳи иҷроияи президент сар карда дар тамому вазоратҳову кумитаҳо, идораву муассиса, марказҳои идорӣ, ширкатҳо, китобхонаҳо ташкил карда шавад. Системаи кӯҳнаи идориро барҳам диҳед. Муовинат сардори шӯъбаро барҳам диҳед. Дар як сол панҷ асари бадеӣ хондан мукин аст? Китоб хонед кам мариз мешавед, асабҳоятон ором мегардад  (Дар ин муддат вакилон 5 бор кафкӯбӣ карданд).

Паём: Ба назар мерасад ба зудӣ мо шоҳиди таъсиси кумитаи наве барои назорати китобхонии мардум хоҳем шуд. 

Э.Р. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.

Паём: Фонди Президент аз куҷо таъмин мешавад? Аз буҷа. Буҷа аз куҷо таъмин мешавад? Аз андоз. Андозро кӣ месупорад? Мардум. Аз ҳисоби худатон ба шумо китоб тӯҳфа мекунем, аммо аз номи раҳбари давлат. Шукрона кунед!

Э.Р.: Мувофиқи маълумоти оморӣ соли ҷорӣ шумораи шаҳрвандони мо, ки берун аз кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд, қариб 60 фоиз кам шудааст, ки ин натиҷаи рушди иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар мебошад.

Паём: Дар ин бора мо дар мақолаи қаблӣ гуфта будем, вале ба ҳар ҳол: лутф кунеду 10 корхонаро номбар кунед, ки 600 ҳазор не (шумораи муҳоҷирони аз Русия “баргашта”), 6 000 ҷои корӣ таъсис дода муҳоҷирони баргаштаро ба кор ҷалб кардаанд.

Э.Р.: Барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва бо ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатиро паст намоем

Паём: Шумори тамоми ҷойҳои кории таъсисдодаи шумо дар 27 сол ба 100 ҳазор намерасад. Баръакс, ҳади ақал 2 миллион қои корӣ барҳам хӯрд. Шумо мехоҳед дар як сол 100 000 ҷои корӣ таъсис диҳед?

Э.Р.: Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар пешниҳод менамоям, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.

Паём: Баъди ин ҳарфҳо вакилону вазирону кормандони мақомот бархоста дурудароз кафкӯбӣ карданд. Ба ин шикамҳои дамида ва гарданҳои равғангирифта нигоҳ кунед. Шумо фикр мекунед онҳо, ки 1500-2000 моҳона мегиранд, аз 200-300 сомонӣ боло рафтанӣ нафақаашон хушҳол шуданд? Дар ҳоле, ки 300 сомонӣ пули як хӯроки нисфирӯзиашон намешавад. Ё Онҳо аз ин ки муаллимон минбаъд 700 сомонӣ неву 800 сомонӣ мегиранд ин қадар хурсанданд? Ё аз ин ки кампиру мӯйсафедони тоқик акнун 170 неву 195 сомонӣ мегиранд?

Э.Р.: Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиш бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд.

Паём: Соҳибкорони гиромӣ! Миёнро маҳкам бандед! Мӯҳтарам муҳоҷирони корӣ! Минбаъд кӯшиш кунед ба хонаҳоятон ба ҷои 10 ҳазор рубл 12 ҳазор фиристед. Мутмаъин бошед, баъди ин фармони ҷанобашон, ҳар моҳ масъулони ҳукуматӣ ба хонаи шумо барои пулталабӣ хоҳанд омад.  

Э.Р. Шукрона кунем ки давлати худро дорем.

Паём: Магар бе шукрона мешавад?

Баъди анҷоми суханронии раисҷумҳур, вакилон ду дақиқа ба по рост истода, бо кафкӯбии бидуни танаффус ӯро гусел карданд. Раҳмон, ки бо худ меболид, бо ғурур толорро тарк кард. 

Зоҳиран бовар карда буд, ки Трампу Путину Си Тзин Пин ба тафсиру таҳлили паёмаш нишастаанд. 

Паёмашро кунад таҳлил Путин,

Трамп аз он баҳо бидҳад ба тоҷик.

Ба тафсираш нишинад Син Тзинпин,

Қазоқу қирғизу афғону ӯзбек…

Сабр кун, хонандаи азиз! Бад нест инҷо қасидаи маъруфи Ато Мирхоҷаро комилан биёварем. Хону лаззат бар!

Дар он соат, ки Доҳӣ бо муҳаббат

Паёми худ ба Маҷлис мерасонад,

Бигардад Кохи Сомон Каъбаи фазл,

Бигардад минбараш чун Санги асвад.

Ҳама маҳвораҳои осмонҳо

Ба сӯи Пешвои мо бигарданд,

Зи аксу аз каломи хубу зебош

Ба мисли Зуҳра худ зебо бигарданд.

Ба коми мо бигардад чархи гардун,

Фазову вақт дар дасти шаҳи мост.

На танҳо Маҷлиси Олии Тоҷик,

Дар ин фурсат ҷаҳон маҷлисгаҳи мост.

Замин гардад ҳама гӯшу ҳама ҳуш,

Ситора баҳри сӯсӯе наҷунбад.

Маҳу Хуршед ҳам аз раҳ биистанд,

Хаёли ман, фалак мӯе наҷунбад.

Паёмашро кунад таҳлил Путин,

Трамп аз он баҳо бидҳад ба тоҷик.

Ба тафсираш нишинад Син Тзинпин,

Қазоқу қирғизу афғону ӯзбек…

Ҷаҳон гӯши дилу ҷонро намояд

Ба нутқи Пешвои тоҷикон боз,

Ки ин марди фаросатпеша дорад

Чӣ ҳикмат дар Паёмаш бар ҷаҳон боз!

Чӣ хушбахтӣ, ки дар дунёи пурҷанг

Бигӯяд Пешво аз меваи сулҳ.

Зи шаҳди ваҳдату сомони миллат,

Зи файзи хайрбори шеваи сулҳ.

Чӣ хушбахтӣ, ки аз ободкорӣ

Фароз омад харобиҳои сад аср.

Ба ҳукми интихоби қасри Арбоб,

Тамоми Тоҷикистон шуд пур аз қаср,

Бигӯяд Пешво аз нав зафарҳо,

Зи рушди отии ин халқу давлат.

Чӣ гуна солимӣ бояд нигаҳ дошт,

Чӣ гуна рафъ бояд кард иллат.

Намояд Пешво барномаи зист,

Дар он гӯяд муфассал банд бар банд

Чӣ сон тоҷик созад зиндагиаш

Дар ин даҳри пур аз панду пур аз фанд.

На танҳо тоҷикони пайрави ӯ,

Дигарҳо ҳам ниюшандаш ба ҳасрат.

Ниюшанду ба дил сар хам намоянд

Ба ин мардонагиву ақлу ғайрат!

Ҳасадҳо мебаранд аз он ки ин мард

На дар майдон кам асту не ба минбар.

Рабуд аз дасташон гӯйи сиёсат,

Зи юмнаш Тоҷикистон шуд музаффар.

Музаффар дар набарди ақл бо ҷаҳл,

Музаффар дар нишасти илм бо дин.

Музаффар дар ғазо бо фитнабозон,

Музаффар дар навии расму оин.

Паёми аввалинаш буд аз сулҳ,

К-аз Арбобаш чу нӯши ҷон шунидем.

Давоми он паёми аввалинанд,

Паёмоне, ки баъд аз он шунидем.

Паёмаш маънии садҳо китобест,

Ки бинвиштанд доноёни тоҷик.

Аз онон баргузида мағзро ӯ,

Гузорад дар ниҳоди ҷони тоҷик.

Ки мағзи миллаташ равшан бимонад

Паёпай аз туфайли ҳар Паёмаш.

Зи баъди бенизомиҳои сад аср,

Дигар аз каф набигзорад низомаш.

Паёми Пешво моро диҳад савқ

Барои Тоҷикистонро шукуфтан.

Зи ҷони ҳамдигар фарғуч гирифтан,

Бад-он бахти ҷавононро шукуфтан.

Паёми Пешво моро диҳад панд,

Ки тоҷик будан иқболест олӣ.

Ба рағми зишти олам нек мондан,

Варо додаст садри безаволӣ.

Бадиро дар ниҳодаш ҷо намудан

Ба теғаш ҳеҷ лашкаркаш натонист.

Адӯ бигрифт молу мулкаш, аммо

Қалам бигрифтан аз дасташ натонист.

Варо некист имону қалам рӯҳ,

Кӣ ёрад ин ду ҷавҳарро шикастан?

Касе шуд ҳамнишинаш бо дили зишт,

Бишуд ҷон равшанаш аз ин нишастан.

Паёми Пешво маънӣ ба маънӣ

Барои олимон бошад ҳама илм,

Барои шоирон бошад ҳама шеър,

Барои доварон бошад ҳама ҳилм.

Паёми Пешво гӯяд ба олам,

Ки тоҷик дар ҷаҳонсозӣ шарик аст.

Биҷӯшад дар дили ӯ зиндагонӣ,

Раги дунё ба қалби ӯст пайваст.

Паёми Пешво имрӯзу фардо

Кунад тақдири миллатро муайян.

Ҳаёти мо аз он гардад бамаънӣ,

Ҳаёти мо аз он гардад музайян.

Бад-он санҷем мо неку бади худ,

Аз он поянда моро нангу ном аст.

Бад-он дар ҷони мо саъй асту ҳиммат,

Аз он ҳастии моро эҳтишом аст.

Дар он набзи шитоби зиндагонист,

Дурустии ҳисоби зиндагонист.

Ба ҳар фарде хитоби зиндагонист,

Ба ҳар пурсиш ҷавоби зиндагонист.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>