Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Навраси мусалмон дар Англия ҷавонтарин ифтихоровари сол эълон шуд

$
0
0

Навҷавони мусулмон дар шаҳри Олдҳем, дар Манчестер ҷавонтарин нафар дар феҳристи ифтихорофаринони соли нав қарор гирифт.

Иброҳим Юсуф, маъруф ба Эби, мусулмони 13 сола, ба хотири талошҳояш барои ҷамъоварии ҳазорон фунт кумаки молӣ барои фаъолиятҳои хайрия дар Манчестери Британия дар ин феҳрист қарор гирифт.

Иброҳим Юсуф 13 сола аст ва бештари вақти озоди худро барои ҷамъоварии пул барои ёздаҳ хайрияи мухталиф дар шаҳри зодгоҳи худ Олдҳем, яке аз шаҳрҳои пурҷамъияти минтақаи Манчестери бузург, дар шимоли Англия мегузаронад.

Ин навҷавони мусулмон мубтало ба беморие аст, ки ниёз ба назорати доимии табибон дар бемористони кӯдакони Манчестер дорад. Иброҳим Юсуф маъмулан аз тариқи ҳисоби твиттерии худ ҳомиёни молиро пайдо карда, фурӯшгоҳҳои кӯчаки хайрияро ҳамоҳанг мекунад ва бо роҳҳои мухталиф кумакҳои молӣ барои ниёзмандон ҷамъоварӣ мекунад. Ин кӯдак ҳамчунин тамоми пулеро, ки барои таваллуд ё идӣ низ дарёфт кардааст, ба ниёзмандон ҳадя кардааст.

Ба гуфти модараш солгарди таваллуди сездаҳсолагиашро ҷашн нагирифтааст ва ба ҷойи ин ки як меҳмонӣ баргузор  ё ҳадяе барояш бихаранд, хоҳиш кардааст тамоми он пулро ба хайрия бидиҳанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>