Ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод)-Ҷайҳун-Панҷи Поён (Тоҷикистон)-Шерхон Бандар (Афғонистон) дар шаҳри Душанбе созишнома ба имзо расонидаyд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд.
Дар хабар гуфта шудааст, ки ба санади мазкур аз ҷониби Тоҷикистон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода ва аз ҷониби Афғонистон сардори идораи роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ямо Шамс имзо гузоштанд.
Санади мазкур дорои аҳамияти муҳими стратегӣ буда, барои татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, инчунин барои пайваст шудан бо роҳҳои оҳани минтақа ва баромадан ба бандарҳои обии Бандар Аббосу Чобаҳори Эрон ва Гвадари Покистон замина мегузорад.
Мавриди зикр аст, ки Созишномаи мазкур дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ, ки моҳи июли соли 2019 дар Душанбе доир шуда буд, матраҳ гардида, ҷонибҳо барои ба имзо расонидани он ба мувофиқа расида буданд.