Зимни сафараш ба устони Систони Эрон, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Низомиддин Зоҳидӣ бо Мавлоно Абдулҳамид, мудир ҳавзаи илмии Дорулъулум ва имоми ҷумъаи масҷиди Маккии аҳли суннати Зоҳидон ва толибони тоҷики таҳсилкунанда дар ин ҳавзаи илмӣ дидор кард.
Бо гузориши хабаргузории ИРНО сафири Тоҷикистон дар Теҳрон аз мудири ҳавзаи илмии Дорулъулуми аҳли суннати Зоҳидон хост, то номи шаҳрвандони ин кишварро, ки дар ин ҳавза машғул ба таҳсил ҳастанд эълом кунад.
Ҳамчунин Низомиддин Зоҳидӣ аз шаҳрвандон Тоҷикистон, ки дар Зоҳидон дар ҳол таҳсил ҳастанд хост, то ба сафоратхонаи Тоҷикистон муроҷиъат кунанд.
Зоҳидӣ изҳор дошт: мо мехоҳем листе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд дар ихтиёр дошта бошем то ин шаҳрвандон битавонанд ҳам аз ҳуқуқи қонуниашон баҳраманд шаванд ва ҳам дар интихоботи кишварашон ширкат кунанд.
Низомуддин Зоҳидӣ рӯзи чаҳоршанбе, 1 январ дар ҷамъи туллоби тоҷики машғул ба таҳсил дар ҳавза илмияи Дорулъулуми Зоҳидон изҳор дошт: туллоби тоҷикистонии машғул ба таҳсил дар ҳавзаҳои илмияи Эрон бояд барои судури раводид ва тайи мароҳили қонунӣ барои идомаи таҳсил ба кишварашон бозгарданд ва дар Кумитаи дин номнависӣ кунанд.
Вай баён кард: давлати Тоҷикистон дар садад аст то заминаи қонунии ҳузури шаҳрвандони ин кишварро, ки дар соир кишварҳо дар ҳол таҳсил ҳастанд, фароҳам кунад.
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: бисёре аз шаҳрвандони мо дар мадориси улуми динии Эрон, Покистон, Афғонистон ва Бангладеш дар ҳол таҳсил ҳастанд, ки бояд аз вазъияти онон иттилоъ пайдо кунем, зеро бисёре аз онон раводид надоранд ва ё муддати қонунии он ба итмом расида ва мо мехоҳем заминаи ҳузури қонунии онҳоро фароҳам кунем.
Вай идома дод: мо бояд аз раванди таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар дигар кишварҳо иттилоъ пайдо кунем, ки барои қонунӣ кардани таҳсили онон Кумитаи дин ташкил шудааст.
Чанд сол аст, ки мақомоти Тоҷикистон бо ҳар роҳе мекӯшанд донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд, баргардонанд. Барои ин онҳо на танҳо роҳҳои дипломатӣ истифода мекунанд, балки ба хонаводаи донишҷӯён низ фишор меоранд, то фарзандонашонро баргардонанд.
Дар 5 соли охир ҳазорҳо донишҷӯён аз хориҷ баргардонида шуда, қисмате аз онҳо равонаи зиндон шудаанд ва кисмати дигар зери назорати шадиди давлат қарор доранд.