Чанд соат қабл аз фарорасии соли нав, 31 декабр дар кӯчаҳо Душанбе минибусҳои нав ба гардиш даромаданд. Шаҳрдори ин минибусҳоро “Мусича” номгузорӣ кардааст.
Қарор дар чанд соли наздик тамоми минибусҳои то ин замон ҳаракаткунанда аз пойтахт ронда шуда, ҷои онҳоро ин минибусҳо, ки дар Душанбе ҷамъоварӣ хоҳанд шуд, ишғол кунанд.
Пардохти раҳкиро дар минибусҳои нав низ бо усули нав – ғайринақдӣ аст. Қимати як савории он 1 сомону шаст дирамро ташкил медиҳад.
Қарор аст, тибқи иттилоъи шаҳрдорӣ, дар навбати аввал се модели ин минибусҳо дар шаҳр ба гардиш дароянд. Ҳамон моделе, ки ба шаҳриён писанд омад, ҷамъоварии он дар Душанбе роҳандозӣ мешавад.
Ба ҷамъоварии минибусҳои нав ширкати муштаракаи тоҷикӣ-туркии Akia Avesto Automotive Industry ки истеҳсолу ҷамъоварии мусофирбарҳои туркии AKIA-ро ба роҳ мондааст, машғул хоҳад шуд.
Ширкати муштараки тоҷикӣ-туркии Akia Avesto Automotive Industry моҳи январи соли 2018 таъсис дода шудааст. Ин ширкат дар асосӣ созишномаи сетарафаи ҳукумати Тоҷикистон, ҶДММ “Авесто гурӯҳ” ва ширкати туркии Ulasim IC YE DIS TICARET Anonim Sirketi ба майдон омадааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Душанбе ҳудуди 1300 минибус мусофиркашонӣ мекунад ва гардиши пулии онҳо моҳона беш аз 2 миллион долларро ташкил медиҳад. Тиҷорати хуб ва луқмаи лазизе барои рейдерҳо, ки ҳамаи тиҷоратҳои сердаромад дар Тоҷикистонро аз худ кардан доранд.
Ҳарфи асосӣ ин аст, ки ҶДММ “Авесто Групп” ба кӣ таъаллуқ дорад?
“Авесто гурӯҳ” ба бародарон Мирзоевҳо мутаалиқ аст. Ин ширкат, ки зоҳиран ба Оила дахл надорад, бо суръат рушд мекунад ва монеъаҳоро аз роҳаш дур месозад. Раванди бисёр камназир ва дар Тоҷикистон.
Мирзоевҳо ғайрирасмӣ кулли бизнеси дорухонаро инҳисорӣ кардаанд. Чанд ширкат, аз ҷумла Ориён-Фарм, Дӯстӣ, Мадад ба Зафар Мирзоев ва бародараш Ҷамшед таъаллуқ доранд. Доруфурӯшҳо муваззафанд намояндаи ин ширкатҳо бошанд ва доруро танҳо аз онҳо гиранд.
Дорухонаҳои мустақил дар Тоҷикистон дигар боқӣ намондаанд. Фишори монополистҳо, тафтишҳои пайдарпайи мақомоти андоз, додситонӣ, Хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ва ғайра онҳоро маҷбур кардаанд зери қаноти Мирзоевҳо раванд ва намояндаи онҳо бошанд. Доруҳоро ҳам аз анбори Ориён-Фарм мегиранд. Мирзоевҳо муносиботи хуби тиҷорӣ бо ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон, Русия ва Олмон ба роҳ мондаанд.
Моҳи октябр дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон пахши навори таблиғии нӯшокиҳои газдор манъ шудааст. Аз ҷумла нӯшокиҳои “Coca-Cola”, ки рекламааш дар тамоми дунё ба расонаҳо даромади хуб меорад. Ин тасмим бидуни огоҳи ва якбора гирифта шуд ва касе иттилоъ надодд, ки сабабаш чист ва фармон аз куҷо расидааст. Манбаъи Паём иттилоъ дода буд, ки фармон аз Рустами Эмомалӣ расида ва ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан “Сиёма” вобаста аст. “Сиёма” бошад дар навбати худ ба “Авесто гурӯҳ” таъаллуқ дорад.
Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон танҳо аъзои хонаводаи раисҷумҳур ҳақи монополияро доранд, аз куҷо Мирзоевҳо ин ҳақро пайдо кардаанд ва бо суръат пеш мераванд?
Дар асл “Авесто-гурӯҳ” ва тамоми бизнеси онҳо танҳо сӣ дарсад ба худашон таъаллуқ дорад. 70 дарсади он моли Рустами Эмомалӣ аст. Дар ҳамаи пешравиҳои бизнеси Мирзоевҳо дасти шаҳрдори Душанбе дида мешавад. Ин аст, ки онҳо тавонистаанд (ё ки Рустам тавонистааст) яке аз сердаромадтарин бизнесҳо дар Тоҷикистон ва умуман ҷаҳон – доруфурӯширо монополияи худ созанд.
Хуршед Мирзоев, яке аз бародарон Мирзоевҳо ҳамсинф ва дӯсти Рустами Эмомалӣ аст ва равобити танготанги Мирзоевҳо бо Рустам тавассути Хуршед таъмин шудааст.
Мирзоевҳо ҳамчунин молики ширкатҳои Evolet Healthcare Limited (Ҳиндустон) ва Abstragan Limited (Лондон, Бритониё) ҳастанд.
Ҷамшед Мирзоев молики Маркази савдои Ёвар мебошад. Ҳамчунин ӯ намояндаи Хёндай дар Тоҷикистон аст. Муҳаммад Мирзоев молики ширкати сохтмонии “Строй-сервис” ва намояндаи заводи автобусбарории Туркия «AKIA» мебошад.
Бародари дигари онҳо Илҳом Мирзоев молики ширкатҳои Abstragan Holding Limited ва Spey Medical LTD (Тоҷикистон) аст ва дар ду ширкати фавқуззикри Evolet Healthcare Limited (Ҳиндустон) ва Abstragan Limited (Лондон, Бритониё) саҳм дорад.