Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар 28 сол дар Ҷайҳун ягон мактаб бунёд нашудааст

$
0
0

Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон давоми 28 соли истиқлолияти давлатии кишвар ягон мактаби наву замонавӣ, ки дорои шароиту имкониятҳои хубу муосир бошад, бунёд нашудааст.  

Зимни суҳбат бо нашрияи Фараж мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Назирмад Давлатзода гуфтааст, давоми ин солҳо ба ҷуз синфхонаҳои иловагӣ, ки онҳо низ шароити наонқадар хуб доранд, ягон муассисаи таълимии наву замонавӣ бунёд нашудааст.

Назирмад Давлатзода гуфтааст, ҳоло дар чор муассисаи таълимии ноҳия хонандагон дар се баст таълим мегиранд. Дар солҳои  оянда эҳтимол боз ҳам шумораи хонандагон зиёд шавад.

Давлатзода бо  бо нигаронӣ афзудааст, ки сохтмони мактаб барои 624 хонанда дар маркази ноҳия аз  соли 2008 бо маблағгузории буҷети вилоят оғоз гаштаю то ба имрӯз нотамом боқӣ мондааст, ки сабаби он саривақт маблағгузорӣ нашудан аст.

Давлат Гуреззода , сардори Раёсати молияи ноҳияи Ҷайҳун  перомуни ин масъала ба нашрияи Фараж гуфтааст, ки барои сохтмони мактаб аз ҳисоби буҷети вилоят 18 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аз ин маблағ 7 миллион сомониаш аз худ шуда, боқӣ 11 миллиони дигар то кунун ҷудо нагардидааст.

Давлатзода Назирмад афзуд, ки ба Барномаи давлатии  «Рушди муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» 4 муассисаи таълимӣ ва бинои шӯъбаи маориф ворид гаштаанд, ки бо гузашти се сол аз ин барнома то кунун ягон муассиса бунёд ва аз таъмири асосӣ бароварда нашудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>