Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дипломати тоҷик боз дар таҷовуз айбдор мешавад

$
0
0

Туркманистон дарашро ба рўйи Тоҷикистон баст ё боз як таҷовуз аз тарафи дипломати тоҷик?


Чаро бо гузашти чанд моҳ Туркманистон то ҳол иҷозати таъин кардани сафири Тоҷикистон дар қаламаравашро намедиҳад?


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари бозхонди сафираш М.Собировро аз Туркманистон расман тасдиқ кард. Як манбаъ дар ВКХ дар сӯҳбат бо мо тасдиқ кард, ки ду моҳ қабл сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо дастури Президент Эмомалӣ Раҳмон бидуни анҷоми машварат ва хайрхуши расмие аз Ишқобод бозхонд шуд.


«Ҳоло дар Ишқобод корҳои сафоратро Абдулфайз Аттоев, котиби аввали сафорат иҷро карда истодааст. Дар Туркманистон духтарони то сини 24 сола ноболиғ ҳисоб мешаванд, зеро қонунгузории онҳо баъди сини 24 иҷозати хонадоршавӣ медиҳанд.

Ҳоло маълум нест, ки он сабтро ҷониби Туркманистон ё Тоҷикистон анҷом додаст. ВКХ аз ин ҳодисаи дипломат огоҳӣ дошт вале аз пахши суҳбатҳои телефонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нав огоҳӣ ёфтанд ва ба зудӣ шояд вокуниш нишон диҳанд» — гуфт манбаъ.


Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла ютуб   навори сӯҳбатҳои телефонии Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, М.Собиров, собиқ сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва дигар кормандони дипломатии сафорат дар робита ба ҳодисаи гўиё таҷовуз шудани як донишҷӯйи туркман таҳти унвони «Бадбахтии дипломатҳои тоҷик дар Турманистон» (Бесчинства таджикских дипломатов в Туркменистане) пахш шуд. Дар ин навор, шабакаи телевизионии “Ватан”-и Туркманистон нашр шудааст, гуфта мешавад, ки қаблан дипломатҳои тоҷик ҳангоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда буданд, аммо “бо хоҳиши зиёди ҷониби Тоҷикистон ва ба хотири халалдор накардани дӯстии халқҳои туркману тоҷик” аз он ҷиноят чашмпӯшӣ шуд.

Ин шабака мегӯяд “аммо 26 июни соли ҷорӣ котиби саввуми сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон Қаюмов Ғолибшоҳ Давлаталиевич, ҳангоми кӯшиши таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ дар шаҳри Туркманобод дастгир карда шуд”.

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд ин як дасиса аст, аммо дар охири навор сӯҳбати сафорати Тоҷикистон бо кадом як Шарифхон пахш мешавад, ки дар бораи сохтани як айбнома ба сафорати Туркманистон дар Душанбе сӯҳбат мешавад.

Аз сабки ин навор мешавад пай бурд, ки ҷониби Туркманистон кадом ҳадафи сиёсие аз ин навор дорад, аммо таҷовуз ба номуси занону духтарон аз тарафи кормандони сафорати кишвар дар хориҷ бори аввал нест. Қаблан мо дар бораи таҷовуз ба номуси занони ғариби тоҷик дар АМА аз тарафи сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Бобокалонов Юсуф Тоирович хабар дода будем.

Ёдовар мешавем, ки Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Маҳмудҷон Собиров тибқи як фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 30.06.2016 “бинобар ба нафақа баромаданаш” аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон озод шуда буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>