Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон аз ҳисоби адвокатҳо пур мешавад

$
0
0

Кумитаи андози Тоҷикистон,  вакилони мудофеъи Тоҷикистонро бо як қарори худ муваззаф ба пардохти андоз кардааст.

nusratullo-davlatzoda1

Нусратулло Давлатзода

Нусратуллоҳ Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон қарореро имзо кардааст, ки бар асоси он вакилони мудофеъ бо соҳибкорони инфиродӣ мусовӣ мешаванд ва бояд ба давлат андоз пардохт кунанд.

Бар ин асос, вакилони мудофеъ бояд 6 дарсад аз даромади худро дар ҳамчун андози иҷтимоӣ ва як дарсадро ба буҷети давлатӣ  пардохт кунанд.

Ҳамчунин вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон муваззаф ҳастанд, ки аз шуъбаҳои кумитаи андоз шаҳодатномаи ин ниҳодро бигиранд. Ба вакилони дифоъ ба шарте Кумитаи андоз шаҳодатнома дода мешавад, ки онҳо дар Вазорати адлия аз аттестатсия гузашта соҳиби литсензияи иҷозаи фаолияти адвкоатӣ шуда бошанд.

Ин дар ҳолест, ки аз миёни беш аз 2 ҳазор нафар аз афроди ширкаткунанда дар аттестатсияи  Вазорати адлияи Тоҷикистон танҳо 461 нафар соҳиби иҷозатномаи фаъолияти вакили мудофеъ шуданд.

Бар асоси қонуни нави ҶТ дар бораи адвокатура  шахсони дорои душаҳрвандӣ ва доғи судидошта аз ҳаққи фаъолият ба ҳайси вакили мудофеъ маҳрум шудаанд.

Коршиносон бар инанд, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ин қонун афроди мухолиф бо сиёсатҳои ҳукумати ин кишварро аз ҳаққи ваколат маҳрум кардааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>