Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бозори Саховат фаъолияташро идома медиҳад

$
0
0

Ба идомаи фаъолияти Бозори “Саховат”- и пойтахт баъди чанд рӯзи баста шудан аз ҷониби кормандони хадамоти оташнишонии пойтахт  иҷоза дода шуд.

Қаблан хадамоти оташнишонӣ фаъолияти ин бозорро қатъ карда буд.  Далели манъи савдо дар ин бозор ҳам ҷавобгӯ набудани онҳо ба талаботи бехатарии сӯхтор унвон шуда буд. 

Бино ба баъзе маълумотҳо аз санаи 3-уми ноябр вале ба маълумотҳои дигар аз рӯзи душанбе 7 ноябр бозори Саховат баъди «розӣ кунонидан»-и хадамоти сухторхомушкунӣ дари бозорро ба рӯи харидорону фурушандагон боз кард

Бозори “Шоҳмансур” низ бо ҳамин далел баста шуда буд. Аммо оё воқеъан ин бозорҳо ба талаботи бехатарӣ  ҷавобгӯ нестанд ва хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ он қадар мустақилу қудратманд шудаанд, ки бозорҳоеро банданд, ки “криша”-ашон ба сатҳи олӣ мерасад?

“Шоҳмансур”-у “Саховат” танҳо бозорҳое нестанд, ки дар ин авохир баста ва баъди чанде боз мешаванд. Чандин бозорҳои хурду миёна ҳам баста шуданду чанд рӯз пас аз нав боз шуданд.

Чанде аз ҳолдонҳо  ба Паём.нет гуфта буданд, ки баста шудани фаъолияти бозори Саховат ва  бозорбандиҳо ҳам пурра ба иҷроиши нақшаи буҷаи соли ҷорӣ вобаста буда, танҳо ба хотири ситонидани маблағ барои пуркунии буҷа баста мешаванд. Аз соҳибону раисони бозор маблағи муайян талаб карда мешавад ва онҳо маъмулан ин маблағро аз тоҷирон талаб мекунанд.

Барои иҷрои нақшаи имсолаи буҷа тамоми ниҳодҳои давлатӣ сафарбар карда шудаанд. Аз ҷумла ВКД қарор додааст саҳмашро дар иҷроиши нақшаи буҷа бо ҷаримабандии занони сатрпӯш ва мардони ришдор гузорад.

Нақшаи буҷаи кишвар дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бо вуҷуди қарзҳои зиёди хориҷӣ 97 дарсад иҷро шуда буд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, Кумитаи андози Тоҷикистон — умдатарин мақоми ҷамъоварандаи андоз,  аз бештари соҳибкорон андозро пешпардохт то охири сол ва ҳатто барои семоҳаи аввали соли оянда ҷамъ кардааст ва нақшаи семоҳаи охири соли ҷориро намедонад аз куҷо пур кунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>