Дар шаш моҳи аввали соли 2016 дар муқоиса бо шаш моҳи аввали соли гузашта даромади ирсолии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия 22 дарсад коҳиш ёфтааст. Сайти Бонки ҷаҳонӣ дар ин бора гузорише нашр намуда изҳори нигаронӣ кардааст.
Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ, ки бо унвони “Тоҷикистон ва сатҳи зиндагии мардум” мунташир шуда, таъкид кардааст, ки манбаи аслии таъмини хонаводаҳо дар Тоҷикистон даромади ирсолии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия аст ва коҳиши ин даромад бар сатҳи зиндагии хонаводаҳои ин кишвар таъсири бад мерасонад.
Ин дар ҳолест, ки Бонки марказии Русия мизони коҳиши даромади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русияро дар шаш моҳи нахусти имсоли 14 дарсад унвон ва эълом кардааст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин муддат ба Тоҷикистон 598 миллион доллар ирсол кардаанд.
Бо ин ҳол мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон бо радди омори Бонки марказии Русия, ҳамон коҳиши 22 дарсадиро, ки дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ ба он ишора шудааст, тасдиқ кардааст.