Боксёри машҳури гаронвазни англис Тайсон Фюри ба дини мубини Ислом гаравида номи худро Риёз Тайсон Муҳаммад эълом кардааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Экспресс”-и Британияи Кабир, Тайсон Фюри, қаҳрамони бокси гаронвазни Британияи Кабир аксе аз худ дар Твиттер мунташир кард, ки дар он либоси суннатии исломӣ бар тан дорад.
Фюри бо тағйири номи худ ба Риёз Тайсон Муҳаммад, дар қисмати биографияи Твиттер, матлабе ҳам бо унвони «Иттиҳоди ҳамаи адён ва талош барои зиндагӣ бар асоси каломи Худо» навиштааст.
Мухлисони Фюри мегӯянд, ки ин амали у монанда ба амали Косиус Клей, қаҳрамони машҳури олами бокс аст, ки дар соли 1964 мусулмон шуд ва номи худро ба Муҳаммад Алӣ тағйир дод.
Исломҳаросӣ боиси ҷалби таваҷҷуҳи афкори умумӣ дар ҷомеаи ғарбӣ, ба хусус ҷавонон ва занон ба шинохти Ислом ва гиравидан ба ин дини мубин шудааст.
Касоне, ки дар ҷомеаи ғарбӣ ба дини мубини Ислом гароиш гаравида истодаанд, асосан аз табақоти таҳсилкарда, равшанфикр ва варзишкорони ҷомеаи Аврупо ҳастанд.