Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бердимуҳаммадов ба сохтмони юрти азим дар Ишқобод иҷозат дод

$
0
0

Ин иморати бузург шакли юртро дошта, аз гузаштаи мардуми турктабори ин қаламрав ҳикоят мекунад ва толори васеи он барои тамошои синамо ва баргузори консертҳо пешбинӣ шудааст.

Дар ин юрти бузургҳаҷм зиёдтар аз 3 ҳазор одам ҷой мегиранд. Сохтмони ин биноро дар маҳалли Наврузгоҳи шаҳри Ишқобод перзиденти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов иҷозат дод ва сохтмон дар назар аст, ки моҳи октябри соли 2017 ба поён расад.

Ин юрти бузаргро “Türkmeniň ak öýi» ё “Хонаи сафеди туркман” ном гузоштаанд. Таъкид мегардад, ки ин дуюмин юрт аст, ки дар Туркманистон қомат хоҳад афрохт. Нахустин юрти бузургҳаҷм дар шаҳри Марв соли 2015 қомат афрохта буд. Туркманистон чун ҷамоҳири дигари Осиёи Марказӣ аз шумули Тоҷикистон Узбакситон ва Қирғизистону Қазоқистон солҳои охир бо сохтани биноҳои калони серхарҷ машғул аст. Яке аз онҳо бинои фурудгоҳи байналмиллалӣ дар Ишқобод мебошад, ки ба шакли паррандаи бузурги дар ҳоли парвоз сохта шуда, харҷи он зиёдтар аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гуфта мешавад. Дар ҳоле, ки ҳаҷми парвозҳо аз ин фурӯдгоҳ яке аз камтарин байни фурӯдгоҳҳои пойтахтҳо мебошад.

Чунин ба назар мерасад, ки барои намоиши шаҳомати давлатдории худ мақомоти Туркманистон ба сохтани иншооти бузургҳаҷм руҷӯъ кардааст. Ин дар ҳолест, ки созмонҳои ҳуқуқи башар аз сиёсати худкомаи раҳбарони туркман интиқод мекунанд ва аз набудани озодии баёну риоя нашудани ҳуқуқҳои инсон дар ин қаламрав изҳори нигаронӣ менамоянд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>