Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сохтмони НБО «Роғун»баъди 13 сол комил мешавад

$
0
0

Ширкати итолиёии “Салини Импреҷило”, ки  сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”-ро ба уҳда гирифтааст,  мегуяд, то ба истифодаи комили нерӯгоҳи “Роғун” 13 соли дигар кори сохтмон идома меёбад.

Ба гузориши сайти ширкати итолиёии “Салини Импреҷило”, барои сохти комили ин нерӯгоҳ ҳамчунин ба 3 миллиарду 900 миллион доллар сармоя ниёз аст.

Нерӯгоҳи обии “Роғун” бо садди 335 метрӣ ва 6 турбина аз тавони тавлиди 13 миллиард киловатт соат барқ бархурдор аст. Ҳаҷми оби захирашуда дар пушти садди ин нерӯгоҳ 13,3 километри мукааб аст.

Давлати Тоҷикистон муътақид аст, бо такмили сохти ин нерӯгоҳ буҳрони камбуди барқ дар фасли сармо дар ин кишвар коҳиш хоҳад ёфт ва заминаи содироти барқ ба Афғонистон ва Покистон аз тариқи хатти КАСА -1000 фароҳам хоҳад шуд.

Нерӯгоҳи обии “Роғун” як тарҳи бозмонда аз даврони Шӯравӣ аст.

Сохти ин нерӯгоҳи 3600 мегаватӣ рӯйй рӯди Вахш дар соли 1976 оғоз шуд, аммо дар соли 1993 идомаи сохти ин сад ба далели набуди сармоя ва хуруҷи мутахассисон аз Тоҷикистон ниматамом раҳо шуд.

Ширкати итолиёии “Салини Импреҷило” ваъда додааст, ки дар соли 2018 турбинаи нахусти онро ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>