Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бо дарҷи акси Нурсултон Назарбоев пули 10000 тангаӣ ба муомила мебарояд

$
0
0

Санаи 1-уми декабри соли 2016 Бонки миллии Қазоқистон ба муносибати Рузи аввалин президент пули коғазиро бо арзиши 10000 танга бо акси президент Нурсултон Назарбоев ба муомила сар медиҳад.  

Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар додааст.

Зимни баромадаш дар як конфронс раиси Бонки миллии Қазоқистон Донёр Акишев  гуфтааст: “Таърихи истиқлолият бо шахсияти президенти кишвар марбут мебошад. Барои ҳамин Бонки миллӣ ба муносибати 25-солагии истиқлолияти кишвар пули ҷашниро пешниҳод мекунад, ки дар он  хизматҳои раисҷумҳур дар рушди кишвар инъикос гардидааст”

Дониёр Акиев  ба аҳли конфронс тангаи ҷашниро низ ба муносибати 25-солагии истиқлолияти давлатии Қазоқистон нишон додааст.

Ҳолдонон мегӯянд,  кишварҳои диктотурии Осиёи Миёнагӣ бо саросемагӣ овора ба таҳким бахшидан ба салтанат ва қудрати худ ҳастанд. Дар ин ҷода борҳо қонунҳои марбути боқӣ монданашон дар салтанат ва ҳатто Сарқонуни кишварашонро ба маротиб дигар намуда имрузҳо аз паи дар хиёбонҳо гузоштани муҷассамаҳои худ ва  дарҷ намудани  расмҳояшон дар пулҳои қоғазӣ, мехоҳанд дар зиндагиашон пойдевори бақои номашон ҳамчу “пешво”-ро мустаҳкам намоянд. Чун медонанд, ки баъди сарашон касе дар андешаи номи онҳо нахоҳад шуд.

puli-kazok puli-kazok2

Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>