Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Эълони эътироз зидди одамрабоии режими Раҳмон

$
0
0

Дишаб дар шабакаи иҷтимоии фейсбук бархе корбарон эълон намуданд, ки ба хотири озодии ҳамсари М. Ҳаит ва фарзандаш Фирӯз даст ба тазоҳурот хоҳанд зад.

Фаъолони шабака дар саҳифаи худ эълон кардаанд, ки агар имрӯз Савринисо ва Фирӯз озод нашаванд даст ба эътирози бемӯҳлат то раҳоии онҳо хоҳанд зад. Онҳо аз тамоми мардум ва фаъолони ҷомеа даъват кардаанд, ки дар ин масъала бетараф набошанд ва дар ҳар куҷое ҳастанд бо шиорҳо ба майдон бароянд.
Дар баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ сухан аз эътирози бемӯҳлат то раҳоии ин мазлумон меравад. Бархеҳо пешниҳод доранд, ки дар тамоми кишварҳо дар назди сафорати Тоҷикистон эътирозҳо роҳандозӣ шаванд ва то раҳоии хонаводаи Ҳаит идома ёбад.
Ба назар мерасад, ҷиноятҳои режим дигар ҷони ҳамаро ба лаб овардааст. Аз як тараф мегӯянд М. Ҳаит шиканҷа нашудааст ва аз тарафи дигар хонаводаи ӯро боздошт намуда бидуни ҳеҷ далелу санаде ба ҷои номаълум мебаранд.
Ин одамрабоӣ ва ҷиноятҳои ҳукумат рӯз ба рӯз мардумро ба танг оварда истодааст ва ба назар мерасад дигар мардум чорае ба ҷуз эътироз ва мубориза бо ин режим намебинанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамсар ва фарзанди муовини раиси ҲНИТ М. Ҳаит дирӯз аз тарафи неруҳои амниятӣ рабуда шуданд ва то ҳол маълум нест дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>