Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

“СК Инвест Строй” -и Маскав бо қарори додгоҳ 1 миллион рубл маоши муҳоҷиронро баргардонд

$
0
0

Илларион Василев, як ҳуқуқшиноси созмони Маркази ҳуқуқдонҳои “Мемориал” муваффақ гаштааст, ки зиёдтар аз 1 миллон рубли маоши муҳоҷирони кории тоҷикистониву ӯзбакситониро аз ширкати русии “СК Инвест Строй” бирӯёнад.
Сомонаи интернетии Кумитаи ҳамкориҳои шаҳрвандии Русия иттилоъ додааст, ки моҳи июни соли гузашта як гурӯҳи иборат аз 9 нафар муҳоҷирони кории тоҷику ӯзбек аз пардохт нашуди ҳақуззаҳмати худ арз намудаанд. Онҳо дар ширкати сохтмонии “СК Инвест Строй” кор мекардаанд.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Василев, муҳоҷирон тибқи шартномаи корӣ дар ин ширкат фаъолият доштаанд, аммо сар аз моҳи октябри соли 2015 ширкати сохтмонӣ ба пардохти маош таъхир карда, бо мушкил рӯбарӯ гаштааст. Раҳбарияти ин коргоҳи сохтмонӣ адами маблағро баҳона карда, маоши муҳоҷирони кориро надодааст.
Муҳоҷирони тоҷику ӯзбак дар ин робита ба раҳбарияти фармоишгари асосии сохтмон як ширкати авсртиягӣ бо номи Strabag муроҷиат карда, мушаххас сохтаанд, ки “СК Инвест Строй” ҳамаи маблағҳоро дастрас кардааст. Гуфта мешавад, ки муҳоҷирони корӣ вақте ба Кумитаи “Ҳамкориҳои шаҳрвандӣ” барои кӯмак муроҷиат мекунанд, ҳатто барои ғизо харидан пул надоштаанд ва дар ҳоли зоре ба сар мебурдаанд. Кумита фавран барояшон вакили мудофеъ ва дигар кӯмакҳои ҳуқуқиро расонда, ба додгоҳи шаҳри Маскав аризаи шикоятӣ ирсол доштааст. Бо талоши адвокат Илларион Василев додгоҳи ноҳияи Симоновскийи Маскав ҳукми худро дар қиболи ширкати сохтмонии “СК Инвест Строй” эълом дошт ва аз ин корхона муваззаф гардид, ки 1 миллиону 24 ҳазор рубл маоши муҳоҷирони кориро бармегардонад.
Таъкид мегардад, ки ин ширкати сохтмонӣ бо қарори додгоҳ на танҳо маоши муҳоҷирони тоҷику ӯзбак, балки хисороти онҳоро дар ин давр низ ҷуброн кардааст. Адвокат Василев мегӯяд, агар муҳоҷирон бидуни шартномаи корӣ ба фаъолият машғул мешуданд, рӯёнидани маоши онҳо ғайримумкин мегашт. Ин дар ҳолест, ки аксари муҳоҷирони корӣ дар шаҳру навоҳии Русия бидуни шартнома кор мекунанд ва ба доми фиреби корфармоёни тамаъҷӯ гирифтор мешаванд.
Коршиносони соҳа мегӯянд, аксари ширкатҳои сохтмонии рус баъд аз анҷоми корҳо қатъи фаъолият мекунанд, ё номи худро иваз месозанд. Дар чунин маворид додгоҳҳо дар роҳи ситонидани маоши нопардохтаи коргарон ба мушкил мувоҷеҳ мегардад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>