Дар фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербурги Русия аз сӯи кормандони пулиси байналмилалии Интерпол як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон бо номи Умар Мирзоев бо иттиҳоми ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ва Русия ба созмони террористии ДИИШ боздошт шудааст.
Умар Мирзоев тайи ин муддат дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ӯро дар созмон додани амалҳои террористӣ гумонбар медонад.
Умар Мирзоеви 25 сола дар ҳоле боздошт гардида, ки қасд доштааст, субҳи рӯзи 15-уми ноябри соли ҷорӣ ба хатсайри Санкт-Петербург- Самара парвоз кунад. Ба навиштаи ин манбаъ, расонаҳои русӣ навиштаанд, ки вақтҳои ахир ӯ дар шаҳри Толятти зиндагӣ мекардааст ва нақшаи иҷрои амалиёти террористӣ дар қаламрави Тоҷикистонро тарҳрезӣ мекардааст.
Боиси зикр аст, ки вақтҳои охир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар руихати пулиси байналмилалии Интерпол руз ба руз афзун шуда ҳатто аз теъдоди шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин, ки дорои 1,5 млрд нафар шаҳрванд мебошад, зиёд аст. Бинобар маълумотҳои расмӣ наздик ба 300 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар руйхати пулиси байналмилалӣ — Интерпол аст.