Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Дар Тоҷикистон шартномаи никоҳ ҳатмӣ мешавад

$
0
0

Дар Тоҷикистон ба Кодекси оила лоиҳаи тағйиру иловаҳои нав  таҳия шудааст, ки шартномаи никоҳро миёни навхонадорон ҳатмӣ мекунад.

То кунун созиши миёни ҳамсарони оянда пеш аз никоҳ як кори ихтиёрӣ буд. Таҳиягарони ин лоиҳа мегӯянд, шартномаи ҳатмии никоҳ метавонад аз талоқу ҷудошавии хонаводаҳои зиёд ҷилавгирӣ кунад.

Баррасии ин лоиҳа  дирӯз 16 ноябр дар парлумони Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар лоиҳаи нави Кодекси оила, ки шартномаи ҳатмии никоҳ як бахши он аст, ба ӯҳдадориҳои зану шавҳар таъкид шуда, масъалаи тақсими амвол пас аз талоқ яке аз шартҳои калидӣ мебошад.

Пешниҳоди тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси оила дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон мизони пошхӯрии оилаҳо сол ба сол меафзояд ва дар натиҷа ҳазорҳо зан бо тифлонашон бесарпаноҳ мемонанд. Дар муқобили беш аз 53 ҳазор издивоҷ дар 9 моҳи соли ҷорӣ, беш аз 6 ҳазор ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>