Ҷейсон Миллер, яке аз намояндагони тими Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби ИМА таъқиби инсонҳо дар асоси динашонро нодуруст арзёбӣ карда, гуфтааст Трамп ҳаргиз чунин нияте надоштааст.
“Раисҷумҳур Доналд Трамп ҳаргиз чонибдори бақайдгирии шахсони алоҳида дар асоси динашон ё системае, ки ба таъқиби онҳо машғул бошад, набудааст. Ин комилан дарёфти нодурусти суханони Трамп аст” — гуфтааст ӯ ба СNN.
“Рӯйхати миллии шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳое, ки дар он терроризм рушд кардааст, дар замони Буш ва Обама ба хадамоти ҷосусӣ ва интизомии Амрико имконоти иловагӣ барои дар амн нигоҳ доштани кишвари мо дода буд, аммо раисҷумҳури тозаинтихоб баъди маъракаи қасамёдкунӣ, сиёсати амниятии худро роҳандозӣ хоҳад кард” — изҳор доштааст Миллер.
Доналд Трамп дар оғози маъракаи интихоботии раисҷумҳури ИМА пешниҳод карда буд мусалмонон ба ин кишвар роҳ дода нашаванд, ки ба вокунишҳои зиддуннақиз ҳам дар ИМА ва ҳам дар кулли ҷаҳон дучор шуд. Аммо баъди пирӯзӣ лаҳни раисҷумҳари тозаинтихоби Амрико торафт мулоимтар мешавад.
Барак Обама, раисҷумҳури равандаи ИМА чанде пеш гуфта буд, “Трамп бо ворид шудан ба Қасри Сафед, лаҳнашро иваз хоҳад кард”.