Мусалмонони Фаластини ишғолӣ тайёранд бо шадидтарин вазъ ба кӯшишҳои режиси саҳюнистӣ барои манъи азон посух гӯянд.
Юсуф Адис, вазири корҳои дини Фаластин ин қонунро “қонуни ифротгаёна алайҳи дини ислом дар Байтулмуқаддас” номид.
Раъфат Алиён, намояндаи ҳизби ФАТҲ бошад ин иқдоми режими саҳюнистиро “эълони ҷанги динӣ” хонд. Бояд қайд кард, ФАТҲ мусолиҳакортарин ҳизб байни ҳизбу ҳаракатҳои Фаластин аст ва аз ин вокуниши он мешавад хулоса кард, ки фаластиниҳо ба ин қонун чӣ назар доранд ва чӣ иқдоме алайҳаш роҳандозӣ хоҳанд кард.
Байни ҳизбу гурӯҳҳои дигари фаластинӣ ҳарчӣ бешатр даъват ба ҷиҳоди нав алайҳи режими Исроил шунида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 5-ноябр низомиёни режими ишғолгар ба шаҳраки Абу-Дис юриш бурда, аз садои азон дар се масҷиди он ҷилавгирӣ ва роҳи яке аз масҷидҳоро бастанд. Ба эътирози сокинон низомиёни режим посух гуфтанд, ки аз ин пас азони бомдод дар масоҷид мамнӯъ аст.
Дар вокиниш ба ин иқдоми режим, ду вакили араб дар Кнессет — парлумони Исроил азон гуфтанд.
↧
Фаластиниҳо ба Исроил: Ё азон, ё ҷиҳод
↧