Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Домулло Абдураҳими Понғозӣ даргузашт (навор)

$
0
0

Домулло Абдураҳими Понғозӣ, аз шинохтатарин рӯҳониёни вилояти Суғд, дирӯз 23-юми июн, дар ҷумҳурии Удмуртияи Федератсияи Русия, дар синни 63-солагӣ вафот кард. Дар наворе, ки санаи 16 июн радиои Паём нашр кард, Домулло Абдураҳим  гуфта буд, ки  баъди ду моҳи хонашинӣ дар манзили Киромиддини Бадриддин, як тоҷири  понғозии муқими шаҳри Ижевск бемор шуда, таби баланд дораду ранҷи нафастангӣ мекашад ва ночор аст ба беморхона равад. 

Дар ин навор марҳум гуфта буд, ки эҳтимол дорад, ин сӯҳбаташ охирин бошад ва тули чанд дақиқа насиҳат ироа карда буд.

Раҳимҷон Дустматов, машҳур бо Домулло Абдураҳим дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт таваллуд шуда,  мактаби миёнаи ба номи Одинамуҳаммад Маъдани Понғозиро соли 1975 хатм кардааст.  Маълумоти диниро дар шаҳри Марғелони Узбекистон  аз барҷастатарин уламои водии Фарғона ба таври пинҳонӣ гирифтааст. Замони толибилм будан се сол ӯро дар Намангон зиндонӣ кардаанд.

Баъди озодияш дар соли 1989  боз ба хотири талаби илм ба Тошканд меравад. Дар Тошканд сараввал аз руҳонии машҳури Осиёи Миёна, марҳум Дустмуҳаммад Насридинни Бодарӣ, зодаи Понғоз, иддае аз фунуни диниро аз худ мекунад. Ҳамзамон муддате дар Муаҳҳади исломии ба номи Имом Бухории шаҳри Тошканд таҳсил мекунад. Ҳини таҳсил дар Тошканд, ҳамзамон имом — хатиби Масҷиди марказии ноҳияи Ашт дар шаҳраки Шайдон таин мешавад. 

Соли 1992, шаборӯзи вафоти аввалин прокурори генералии Тоҷикистон, Нурилло Ҳувайдуллоев, сараввал ба Узбекистон ва аз онҷо ба Афғонистон ҳиҷрат мекунад. Замони 5 соли ҳиҷраташ ду сол дар Афғонистон, баъдан муддате дар Покистон ва дуним соли дигар дар шаҳрҳои Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввараи Арабистони Саудӣ иқомат мекунад.  Пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 ба ватан баргашта, дар деҳаи Понғоз ба сохтмони масҷиди “Нури имон” машғул мешавад. 

Масҷиди «Нури Имон», аз  бузургтарин ва зеботарин масҷидҳо дар вилояти Суғд, моҳи августи соли 2008 ба истифода дода шуд. Баъди ба истифода додани масҷид, соли 2010 сохтмони мадрасаро дар назди масҷиди “Нури имон” ба итмом расонид. Вале мақомот иҷоза надоданд, то мадраса ба истифода дода шавад. То ҳол дари мадрасаи навсохт бо меъмори классикӣ баста аст. Дар шафати Масҷиди “Нури Имон” ҳоло бинои беморхона дар ҳолати ба итмом расидан аст. Илова бар ин чандин бор роҳи мошингарди Шайдон -Понғоз бо ибтикори Домулло Абдураҳим асфалтпуш шудааст. Барои ҷамъоварии маблағ баҳри ободонӣ ба даҳҳо мамлакатҳои ҷаҳон сафар кардааст. Аз ҷумла, охирин сафараш ба шаҳри Ижевски Русия низ ба хотири ҷамъоварии маблағ барои асфалтпуш кардани роҳ буд. Бо сабаби эълони карантин натавонист ба ватан баргардад. 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>