Ду рӯз қабл телевизиони давлатии “Сафина” барномаеро нашр кард, ки дар он мисли ҳамеша аз Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон ва наҷотдиҳандаи миллат тарошида мешуд. Ин қаҳрамонтарошӣ аз раисҷумҳур чизи нав нест ва ҳеҷ ҷои таъаҷҷуб надорад. Аммо дар ин барнома Эмомалӣ Раҳмоне, ки барои барқарории Шӯравӣ ҳамроҳ бо Сангаку Файзалӣ, Лангарию Хӯҷа ва ғайра силоҳ ба даст гирифта буд, ҷабрдидаи Шӯравӣ муаррифӣ гардид.
Дар барнома суол гузошта мешуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон чӣ меросе аз Шӯравӣ расид ва посухаш ҳам ин буд:
— Ҷанги бародаркуш;
— Зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор нафар шаҳрвандони куштаву бе ному нишон;
— 55000 кӯдаки ятиму бепарастор;
— Зиёда аз 25 ҳазор зани бешавҳару бесаробонмонда;
— Беш аз як миллион гуреза;
— Зиёда аз 10 миллиард доллар зарар ба иқтисоди миллӣ;
— Зиёда аз 36 ҳазор манзили ба обу оташ кашида;
— Ҳазорҳо мактабу бемористони осебдида
.. ва ғайра.
Муаллифони барнома ба ин назаранд, ки Раҳмон харобазоре аз Шӯравӣ мерос бурд ва бо дирояту созандагӣ онро обод карду ба по рост кард.
Аммо таърих ва миллионҳо шоҳиди ҳаводиси он замон чизи дегареро ба хотир доранд. Замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омад, ҷанги шаҳрвандӣ ҳарчанд ҷараён дошт, як ҷанги кӯчаку камталафот буд ва ҳеҷ яке аз он талафоте, ки телевизиони “Сафина” иддаъо мекунад ҷой надошт. Шумори қурбониён ҳам то он замон аз чандсад нафар бештар набуд.
Ҷанги комили шаҳрвандӣ, қурбониҳои ҷониву молӣ ва дигар харобиҳо замоне оғоз шуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба қавли дӯсташ Александр Лукашенко пулемёт дар даст вориди пойтахти кишвар шуд. Агар 99,9 нагӯем, 99,5 дарсади тамоми қурбониён ва зарарҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба давраи баъди ҳамлаи Эмомалӣ Раҳмон бо силоҳ, артиш ва афсарони хориҷӣ ба пойтахти кишвараш рост меоянд.
Аз даъвоҳои телефизиони давлатии “Сафина” танҳо ҳаминаш каме ба ҳақиқат рост меояд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз Шӯравӣ ҷанги шаҳрвандӣ ба мерос бурд. Вале он ҷангро ҳам пири маънавиаш Ислом Каримов, ки баъдан Раҳмон ӯро “отамиз” хонд, хадамоти махсуси Русияи елсинӣ ва раҳбарияти Қазоқистон тарҳрезӣ карданд. Ин ҳарфи мо нест, ҳарфи иҷрокунандаи нақши асосии он ҷанг сарҳанг Квачков аст, ки тамоми ҷузъиёти онро қисса кардаасту то ҳол мақомоти Тоҷикистон як ҳарфи онро инкор накардаанд. Меросбарии Раҳмон ҳамин қадар аст, ки хоҷагонаш ҷангро шурӯъ карданд ва ба ӯ супориданду аз канор бо додани силоҳу пул назора карданд.
Боқӣ ҳама паёмадҳои ин ҷанг бо дасти Раҳмон ба сари кишвару миллат расидааст. Бо вуҷуди кӯшиши сахти мақомоти Тоҷикистон барои таҳрифи таърих ва пинҳон кардани ҷиноятҳояшу қаҳрамон нишон додани Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз ҳазорҳо санад ва миллионҳо шоҳид мавҷуданд, ки ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунанд. Паём тасмим дорад ба зудӣ ба нашри сандаҳое, ки мақомоти Тоҷикистон онро пинҳон медоранд ва таҳриф мекунанд, шурӯъ кунад.
Бо нашри ҳар гуна филмҳову барномаҳо мақомоти Тоҷикистон на танҳо тамоми ҷиноятҳои Раҳмонро ба дӯши дигарон бор мекунанд, балки ин паёмро ҳам доданианд, ки Раҳмон на танҳо қаҳрамон, балки як сиёсатмадор ва давлатмарди мустақилу соҳибватан аст, ки мустақилона тасмим мегирад ва идораи давлатро дар даст дорад.
Аммо дар асл ӯ ҳанӯз ҳамон “боевик”-е аст, ки бо силоҳи русӣ, пулу артиши каримовӣ ва фотеҳаи назарбоеви вориди Душанбе шуд ва ҳарчанд мустақилияташ бештар шудааст, аммо ҳанӯз ҳам бояд тасмимҳои асосашро бо онҳо ҳамоҳанг кунад. Бояд қайд кард, ки дар асл бештар шудани мустақилияти ӯ аз кишварҳои собиқ шӯравӣ дар умум мустақилияти ӯро бештар накардаанд. Ҳар чӣ аз ин тараф ба даст овардааст, ба ҳамсояи шарқӣ тақдим кардааст. Ҳоло, ки масъалаи асосӣ барояш интиқоли қудрат ба писараш аст, кӯшишҳояш дар ин самт барои гирифтани фотеҳаи пирону хоҷагонаш зиёд шудаанд.
Бинобар бо пайроҳаи мӯйсафед Назарбоев рафтанаш, фотеҳаи ӯро дарҳол ба даст овард, аммо ҳоло сиёсатҳо дар Қазоқистон тағйир мекунанд ва ба Раҳмон лозим аст акнун ризояти Тоқаевро ҳам ба даст орад.
Баъди кӯшишҳои зиёду чанд мулоқот бо Шавкат Мирзиёев ва фиристодани Рустам ба Тошканд, зоҳиран розигии раисҷумҳури Ӯзбекистонро ҳам гирифтааст, аммо ин танҳо зоҳири масъала аст. Имкон дорад Раҳмон дар Маскав бо ин ду нафар ҳам масъаларо алоҳида баррасӣ кунад.
Чин аслан ба ин гуна масъалаҳо таваҷҷӯҳи зиёде надорад — сиёсати он каме фарқ мекунад ва бо гумони ғолиб ба ин тасмими раисҷумҳури Тоҷикистон розӣ шудааст. .
Аммо Эмомалӣ Раҳмон то ҳол розигии хоҷаи асосии худ — Кремлро дар даст надорад. Ду дафъаи қаблӣ, ки ӯ барои гирифтани фотеҳаи Путин ба Маскав сафар кард, номваффақ буданд. Дафъаи дуввум ҳатто ба сатҳи як раиси ноҳия фароварда шуд — касе ӯро дар Маскав пешвоз нагирифт.
Ин дафъа Раҳмон омодагиашро аз қабл шурӯъ кардааст ва камтарин имконияти ба даст овардани дили Путинро раҳо намекунад. Дар ҳоле, ки беш аз як моҳ дар паноҳгоҳаш пинҳон шуда буд ва садое аз ӯ шунида намешуд, як ҳарф барои таслият ба мардуми мусибатзадаш нагуфта буд, ба хотири табрики мардум ба ҷашни пирӯзии артиши Шӯравӣ дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар экранҳо зуҳур кард. Зоҳиран баъди табрик ба ин натиҷа расид, ки барои нарм кардани дили хоҷааш танҳо табрик кофӣ нест ва тарсону ҳаросон аз паноҳгоҳаш хориҷ шуда, зери пои тандиси ҷанговарони он ҷанги 80 соли қабл гулчанбар гузошт. Ва билофосила, бе он ки ҳарфе бо мардуми мусибатзадаи кишвар бизанад, таслияте арз кунад, ба паноҳгоҳаш баргашт ва ду ҳафтаи дигар ғайб зад.
Ҳоло ба Маскав рафтааст. Гӯё барои ширкат дар паради бахшида ба 75-умин ҷашни ҳамон пирӯзӣ. Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ҳадафи аслии сафари Раҳмон ба Маскав бо истифода аз табъи болидаи Путин гирифтани ризояти ӯ барои ҷойгузин сохтани писараш аст. Дар назари аввал масъала сода менамояд ва барои Путин фарқи чандоне надорад, ки кадоме аз падар ё писар сари қудрат бошад — муҳим Тоҷикистон ғайрирасмӣ чун як вилояти Русия ва таъминкунандаи қувваи корӣ боқӣ монад.
Вале масъала чандон сода нест. Владимир Путин, Қосимжомарт Токаев ва Шавкат Мирзиёев бояд розӣ шаванд, ки шурӯъ аз чанд моҳ пас бояд паси миз бо Рустами Эмомалӣ нишинанд ва бо ӯ гуфтугӯ кунанд.
Агар шумо раисҷумҳури яке аз ин кишварҳо, ё ҳатто Қирғизистону Арманистон мебудед, розӣ мешудед, ки Рустами Эмомалиро ҳамтои худ эътироф кунед?