Дар дунё ҳар касе, ки ба қадри неъмати Парвардигор намерасад, сазои қадрношиносии худро мебинад. Бешак падару модар болотарин неъматҳои Парвардигоранд. Ҳар нафаре, ки падару модари худро дар ғайри фармудаҳои илоҳӣ меранҷонад, қалби волидонро мешиканад, хоҳ бо забон бошад, хоҳ бо кирдорҳои дигар, оқи волидон мегардад. Ба оқи волидон гирифтор шудан, сабаби хашму азияти онҳо шудан, якчанд паёмадҳои бади руҳиву ҷисмӣ дорад.
Оқи волидон сабаби гирифторӣ ба ғазаби Аллоҳ
Дар ҳадиси Тирмизӣ омадааст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд:
رضى الرب في رضى الوالد و سخط الرب في سخط الوالد
Ризогии Парвардигор дар ризогии падар аст. Ғазаби Парвардигор дар ғазаби падар аст.
Вақте Парвардигор аз бандааш розӣ мегардад, тамоми дарҳоро барои бандааш мекушояд. Дарҳои ризқу рузӣ, дарҳои фарзанду ҳамсар, дарҳои касбу кор, муваффақияту пешравӣ. Ҳар нафаре, ки ризогии падару модарро ба даст меоваранд, онҳоро дар ҳақиқат хушҳол мегардонад, дар ҳаққи онҳо кӯтоҳӣ намекунад, бешак шомили ризогӣ ва раҳмати Парвардигор мегардад.
Падару модар ҳеҷ гоҳ ман аз ту хафа ҳастам ва ё розӣ нестам, гӯён иброз намекунанд. Пайваста ман аз фарзандонам розӣ ҳастам, гӯён фарзандонро ором месозанд. Фарзанди солеҳ худ медонад, ки дар ҳаққи падару модари худ чӣ кардааст, ризогии онҳоро чӣ гуна ба даст овардааст. Падару модар бо он ҳастие, ки доранд, бо он табиати пур аз меҳри офарида шудаашон, моён ҳеҷ некие барои онҳо накарда бошем ҳам аз мо розӣ ҳастанд. Будани мо дар рӯи замин онҳоро хушҳол месозад. Вале мо бояд аз худ бипурсем, мо барои онҳо чӣ кор кардем. Ҳоло корҳое, ки волидон ба мо кардаанд, аз бидояти пайдоишамон дар батни модар то ба имрӯз шумор надоранд, агар як ба як бишморем, рӯзҳо бояд машғули шумурдани некиҳои онҳо бошем. Вақте аз волидон калимаи ризоиятро мешунавем, бояд ба худ савол кунем, ки ба ивази кадом некӣ он ҳама мукофоти бузургро ноил гаштем. Фарзандҳое ҳастанд, ки дар умр барои падару модари худ кӯмаки моддие накардаанд, мудом аз некиҳои падару модарашон ҳарф мезананд, аммо вақте худи “ту ба онҳо чӣ кардӣ?” савол мешавад ба фикр мераванд. Ризогии волидонро бо некӣ кардан ба онҳо бояд ба даст оварем.
Паёмбар дар ҳадис ишора карданд, ки ғазаби Аллоҳ дар ғазаби падар аст. Вақте соҳиби тамоми қудратҳо, замину осмон, коиноту фазо тамоми ҳастӣ ба бандае ғазаб кард, он банда асло наҷот намеёбад. Осорҳои ғазаби Парвардигорро дар худи дунё мардум дар ӯ мушоҳида мекунанд. Фарзандҳои беинсоф, ҳамсари бевафо, ризқу рузии бомашаққат, зиндагии пур аз дарду алам, инҳо асарҳои ғазаби Парвардигор аст. Шахсоне, ки муҷиби гиряи пур аз дарду ҳасрати волидон мегарданд, фарзандоне, ки бо забону кирдори худ падару модарро озор медиҳанд ғазаби падару дарду алами модарро соҳиб мешаванд, бешак мусибатҳои дунёву охиратро мехаранд. Ҳар чанд дар дунё худро инсони муваффақ вонамуд созанд ҳам, дар ҳаёташон нишонаҳое вуҷуд дорад, ки камтарин шахси бофаросот аз он нишона осори оқи волидон будани он шахсро дарк мекунад. Оромиши равонӣ надоранд, мудом дар изтироб, мудом сарсону овора ҳастанд.
Дуои бади волидон ҳамеша мустаҷоб аст
Имомо Бухорӣ дар китоби Адаби Муфради худ аз Абуҳурайра ривоят мекунанд, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:
ثلاث دعوات مستجابات دعوة المظلوم و دعوة المسافر و دعوة الوالد على ولده
Дуои се тоифа ашхос иҷобат мегардад:
Дуои шахси мазлум, дуои шахси мусофир, дуои бади падар барои фарзандаш.
Баъзан бо дидани озори шадид падар ва ё модар бо сузи дил фарзандашро дуои бад мекунад. Илоҳо кардаатро аз фарзандонат бинӣ, Илоҳо рӯзи нағз набинӣ, дуоҳои дигар.
Албатта дуои бад хеле бад аст, инсон бояд то тавон забони худро аз дуои бад нигоҳ дорад, аммо гоҳе мешавад, ки инсон дигар ба ҷуз дуо муқовимати дигаре карда наметавонад. Фарзанд бояд аз дуои бади падару модар хеле барҳазар бошад, ҳеҷ фурсате барои оҳи волидон надиҳад. Албатта баъзан бо сарзадани баъзе хатогиҳои кӯчак аз фарзанд модар дуои бад мекунад, аммо он дуоҳо ҷиддӣ нестанд, дуоҳои волидон замоне хатарнок ҳастанд, ки падару модар бо сузу гудоз, ҷиддан аз фарзанд ранҷида, ӯро дуо кунанд. Ин тарзи дуои волидон иҷобат аст ва фарзандро ба нобудӣ мебарад.
Бараъкси ин дуои неки волидон иҷобат аст, албатта ҳар яки шумо низ бо чашмонатон дидаед, онҳое, ки ҳаққи фарзандии худро анҷом додаанд, падару модари худро қадршиносӣ кардаанду то тавон хидмати онҳоро кардаанд, нисбат ба дигарон ба қуллаҳои муваффақият расидаанд, ки сирри он муваффақият дар дуои неки волидонашон аст.
Шахси оқи падару модар дар худи дунё ҷазояшро мебинад
Аз Анас ибни Молик рифоят аст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд:
بابان معجلان عقوبتهما في الدنيا البغي و العقوق
Дари ду гуноҳ дар худи дунё шитобонида шудааст, кунандааш ҷазояшро дар худи дунё мебинад: Шахсе, ки ба фаҳшу зино олудааст ва шахсе, ки оқи падару модар аст.
Нафароне, ки падару модари худро меозоранд, бо кадом роҳе, ки бошад, хилофкорӣ, таҳқир, масхара, дар корҳои мубоҳ, нофармонбардорӣ, сазои амалашон дар дунё омодааст. Дере нашуда ба мусибат гирфтор мешаванд.
Инсон заъифу бесабр офарида шудааст, мусибатҳои дунё, бемориву муҳтоҷиро таҳаммул карда наметавонад, барои рафъи мусибатҳо дили падару модарро бояд ба даст овард, дуои неки онҳоро соҳиб гашт.
Яке аз донишмандон мегӯяд: Бадтарин намунаи ба оқи волидон гирифтор шудан, азор додани волидон ин худро бартару боло гирифтан аз волидон мебошад. Баъзе фарзандон вақте дар байни мардум шӯҳрату обрӯй пайдо мекунанд, соҳиби шарафу иззат мегарданд, аз падару модари худ шарм мекунанд. Намехоҳанд падару модари худро дар байни дӯстонашон бубинанд, то тавон дар байни мардум шахсияти падару модари худро пинҳон мекунанд. Мабодо фарзанди деҳқоне ба дараҷаи номзади расид, падару модари деҳқонашро бо чашми таҳқир нигоҳ мекунад. Баъзе ҷавонон модар ту ақлат ба чизҳои ман медониста намерасад гӯён, модарро барало таҳқир мекунад. Духтаракҳое ҳастанд, ки дар ҳузури дугонаҳои бомаданияташон ба тарафи модар ҳатто нигоҳ намекунанд, ин бадтарин намуди оқи волидон аст. Фарзанде, ки дар оғӯши падару модари хоксор бузург гашту пас аз ба мартабае расидан аз доштани чунин волидон хиҷолат мекашад, на инсоният дорад, на инсофу вафодорӣ.
Болотарин дараҷаи фурутаниву хоксорӣ шомили шахсоне аст, ки ба падару модари худ сари таъзим фуруъ меоваранд.
Боре дар ҷашни хатми донишгоҳ дар Миср иштирок доштам. Вақте ба толори хатмкунандагон нигоҳ кардам, ҳар як духтараки донишҷӯ дар наздаш падар ва ё модараш, баъзеҳо ҳатто модарбузург ва падарбузургаш нишаста буд. Баъзе хонумҳое, ки дар назди фарзандашон бо фахр нишаста буданд, мазҳари комилан фақиронаву деҳотӣ доштанд. Либосҳои кории фарсӯда, дастҳои аз кор сиёҳу дағал гашта, аммо дар наздашон дӯхтаракҳои донишҷуй бо либосҳои зебо нишаста буд. Дар ин ҷашни хатми донишгоҳ ҳам волидону ҳам фарзндон аз вуҷуди ҳамдигар фахр мекарданду лаззат мебурданд. Ногоҳ чашмонам бо духтараке афтод. Падараш аз либосҳои кории хоксоронааш хиҷолат мекашид, ба толори хатмкунандагон дохил гардад. Духтарак бо зӯр аз дастони падар гирифта, ба толор кашол мекард. Агар ту дар наздам набошӣ ба ман диплом лозим нест, агар бо ман наойи ман низ намеоям гӯён, дасти падарашро гирифта, пофишорӣ мекард. Билохира падар розӣ шуд, бо духтараш дар ҷашни хатмкунандагон иштирок кунад. Барои духтарак фарқ надошт, падараш чӣ пушидааст, зоҳири чӣ гуна дорад, муҳим он буд, ки дар ин рӯзи шодӣ дар канори дӯстонаш дар наздаш падараш ҳузур дошта бошад.
Хоксори, муҳаббату самимияти фарзандон насиби тамоми волидон гардад.
Муслима Аҳмадӣ