Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Корманди ВКД бо иттиҳоми гирифтани 600 000 сомонӣ ришва боздошт шуд

$
0
0

Корманди Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳаммаслаконаш барои ҳуҷҷатгузории қитъаҳои замин аз шаҳрвандон зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, “милитсионери Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ  Амрулло Мирзоев бо маслиҳати пешакӣ бо Сино Юсуфов ва дигарон моҳи апрели соли 2019 ба боварии шаҳрванд Дилноза Муродова даромада, барои ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 7  сотиқ қитъаи замин, аз ҳисоби замини наздиҳавлигии шаҳрванд Одинаев, маблағи 203 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуданд”.

Гуфта мешавад, ки Мирзоев , Юсуфов ва дигарон инчунин бо ҳамин тарзу усул ба шаҳрванд Гулов., ба маблағи 44 ҳазор сомонӣ ва ба Назруллоев ба миқдори 366 ҳазору 925 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расониданд.

Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Мирзоев ва Юсуфов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноии Тоҷикистон  бо ҷурми қаллобӣ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles