Паём.нет аз ҳуқуқшиноси маъруфи кишвар Файзинисо Воҳидова хоҳиш карда буд, назарашонро дар мавриди бе ҷазо мондани кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллие, ки боздоштшудагонро бо шиканҷа ба марг мувоҷеҳ мекунанд бигӯянд. Аммо баъди ворид шудани эшон, мо тасмим гирифтем онро дар шакли мақола алоҳида нашр кунем. Посухи хонум Воҳидова ба шакли зер аст:
Шиканҷа дар таҷрибаи ҳуқуқии кишвар, мутассифона ба ҳукми анъана даромадааст. Ин падидаи номатлуб маълум, ки бештар дар ниҳодҳои интизомии кишвар, бо мақсади ба даст овардани нишондоди иқрорӣ истифода мешавад.
Чаро мардуми боздоштшударо мавриди шиканҷа қарор медиҳанд? Барои он ки имрӯз дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ шахсони ғайриҳирфаӣ, тасодуфӣ ва бесавод рӯи кор омадаанд ва саводи кофӣ надоранд, ки бо роҳи қонунӣ ҷиноятро кушоянд. Сабаби дигари шиканҷаи мардум, ба гуфти худи мутасаддиёни ин ниҳодҳо «результат» мебошад, яъне барои ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбии хизматӣ. Ҳарчи бештар парванда ва ҷинояту ҷинояткор бошад, ҳамон қадар натиҷаи фаъолияти ин ниҳодҳо мусбат арзёбӣ мегардад.
Дар кишварoои мутамаддин агар бо ҷиноят мубориза мебаранд, дар мо бо ҷинояткор, ки чунин таҷриба дар ягон кишвари дунё нест.
Чаро мансабдорони ин ниҳодҳо беҷазо мемонанд? Барои он ки пуштибонии қавии вазорат ва ҳукумат онҳоро аз афсари рутбадор ба ҷинояткори қотилу ғоратгар табдил додааст. Исботи ин ҳолат дар Тоқикистон боз кардани як муассисаи махсуси ислоҳӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Масалан, дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон чунин муассиса набуд, зеро қариб ки кормандони милиса ва дигар ниҳодҳои интизомӣ ҷиноят содир намекарданд, баръакс онҳо намунаи ҷомеъа буданд. Агар ба омори ҳамон давра диққат диҳед, шояд дар як сол як ё ду ҳодисаи аз ҷониби рутбадорони мақомот содир шудани ҷиноят ба қайд гирифта мешуд ва он ҳам ба фаъолияти кории онҳо мансуб набуд. Аз замони истиқлолияти Тоҷикистон кор то дараҷае расид, ки зарурат барои таъсис ва ташкили як зиндон барои кормандони ин мақомот ба миён омад. Чунки имруз милисаи тоҷик қотил, нашъаҷаллоб, таъмаҷӯй, ғоратгару дузд аст. Ин даҳшат аст.
Аз ин рӯ, ахиран тӯли чанд соли охир, бинобар шарманда шудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки хамеша дар назарсанҷӣ ва оморҳои расмӣ ҷойи аввалро дар содир намудани ҷиноятҳои алоҳида мегиранд, мақомоти болоии онҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳимояти кормандони худ камар бастаанд.
Бубинед, сокини шаҳри Исфара И.Бобоевро кормандони УБОП дар вилояти Сугд куштанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд ва ду нафари ин рутбадорони қотил гумонбар дониста шуданд, аммо тӯли 6 сол аст, ки онҳо «бемор» мебошанд. Дар асл мақомоти болоӣ мусоидат намуда истодаанд, ки онҳо то синни нафақа кор кунанду бо хамин мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ҳам бигзарад ва тамом, вассалом.
Ин ҳама бо дастгирии вазири ВКД мебошад. Мақсад шарманда накардани мақомот аст. Инсон ва ҳуқуқи ӯ барои зистан сарфи назар шуда, мисли мақоли мардумӣ: «шикамсер чӣ парвои шикам гурусна» мебошад. Ин ҳама як рӯз не як рӯз ба таркиши иҷтимоӣ меоварад, ки баъдан пушаймонӣ суд надорад.