Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муҳоҷири тоҷикро як мошин дар Иркутск пахш карда аз ҷои ҳодиса гурехтааст

$
0
0

Шаҳрванди Тоҷикистон Содиқов Бахтиёр Бобоҷонович, сокини шаҳри Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи Чапаев 51, соҳиби 4 фарзандро дар шаҳри Иркутски Русия як моҳ пеш нафаре бо мошинаш пахш кардааст, вале то ҳоло на танҳо ҳеҷ кӯмаке барои муолиҷааш нарасонидааст, балки бидуни ҷазо мондааст.

Бахтиёр мегӯяд то ҳол бо қарз барои табобаташ 200 ҳазор рубл масраф кардааст. Ягона даромади ӯ аз ҳамин мардикорӣ дар Русия будааст, ки инак аз он ҳам маҳрум шуда, бо кӯмаки бародаронаш муолиҷа мегирад ва зиндагиашро пеш мебарад.

Ҳодисаи пба садама дучор шудани Бахтиёр дар телевизиони маҳаллии  Иркутск намоиш дода шуда буд, вале то ҳол нафари ҷиноятсодирнамуда, ки ҳуқуқи ронандагӣ ҳам надоштааст бе ҷазо мондааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles