Кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон қонуни тозақабулшудаи бастани иҷбории ниқобҳоро ба манбаъи даромади шахсиашон табдил додаанд. Онҳо на танҳо дар кӯчаҳо ба шикори бениқобҳо машғуланд, балки ба ширкату корхонаҳо низ бидуни огоҳӣ ворид шуда, аз роҳбарияти онҳо бо таҳдиди ҷаримаҳои калон ришва меситонанд.
Маъруф, мудиромили як мағоза дар Хуҷанд ба Паём навишт, ки дирӯз се корманди Вазорати дохила ба мағозаи онҳо ворид шуда, бо таҳдиди бастани мағоза бинобар ниқоб надоштани ду кормандаш аз ӯ ришва гирифтаанд.
Ҳолати ришваситонии кормандони ВКД дар Душанбе низ дида шудааст. Як корбари Паём бо номи Акмал Турсунзода навиштааст, ки дар ҳузури ӯ ду милиса ба тарабхона ворид шуда бинобар ниқоб надоштани пешхидматҳо ба тартиб додани протокол шурӯъ кардаанд, аммо аъди дахолати раҳабрият ва ба утоқ раҳбарӣ бурдани ин ду корманди ВКД масъала “ҳал шудааст”.
“Вақте ки аз утоқи раис баромаданд, дигар ба пешхихматҳои бениқоб аҳамият ҳам надода рафтанд”, — менависад ин корбар.
Ин гуна рейдҳоро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ тасдиқ мекунанд. Азиз Зикирёев, як корбари фейсбук навиштааст кормандони ВКД ба идораи ширкати онҳо, ки шахсӣ гуфта шудааст, аорид шуда, ба бастани ширкат бинобар ниқоб надоштани кормандонаш таҳди кардаанд.
“Нозирон аллакай ба идораи мо барои тафтиш омаданд. Ба ширкати хусусӣ ва бинои хусусӣ” — менависад ӯ.
“Албатта ҳаммаш аз рӯи қонун аст, вале онҳо таҳдид карданд, ки идораи моро мебанданд, инаш аллакай азҳад гузаштан аст. Ширкате, ки чанд даҳҳазорӣ ҳар моҳ андоз месупорад ва 25-30 нафарро ба кор таъмин кардааст” — навиштааст Зикирёев дар идома.