Дирӯз сабти сухани охирини Бузургмеҳр Ёров дар анҷоми мурофиааш дастраси Паём.нет шуд ва мо қисмати аввали онро нашр кардем. Назари мо ин аст, ки ин як ҳуҷҷати таърихӣ аст, ки бояд миллат аз он огоҳ бошад. гузашта аз ин дар ҷараёни суханронӣ ва баҳсҳои Бузургмеҳр бо додрасу додситон чандин ҳақиқат боз шудааст. Бинобар ин қарор додем матн ва садои онро нашр кунем.
Чун баромади Бузургмеҳр ва баҳсҳои ӯ бо додситону додрас тӯлонӣ аст (ҳарчанд оғоз ва анҷоми он мутаассифона дастраси мо нашудааст), тасмим гирифтем онро дар чанд қисм нашр намоем. Инак қисмати дуввуми сухани охирини Бузургмеҳр Ёров:
— Агар як парвандаи ману Маҳкамов бошад, мо ризо, моро ғайриқонунӣ суд кунанду бо далелҳои сохта моро муттаҳам кунанд, лекин хазорҳо парванда дар миқёси давлат рафта истодааст. Ҳазорҳо парванда, як парванда бошад, ҳеҷ гап не. Аз пеши ман 500-600 одам гузашт. Ҳамаашро медонам, кӣ аст судяш, кӣ аст прокурораш, кӣ аст адвокаташ, кӣ аст хешу табораш, хонааш дар куҷо аст, дар даруни маводҳои парванда чӣ гап рафта истодааст. Додари маро мебаранд маҳкам мекунанд, мегӯянд, ки ин сирри давлатиро фош кардааст. Чӣ хел сирри давлатӣ, аз кай боз тақдири инсон, ҳукми инсон, ки дар моддаи 5 мегўяд, ки арзиши олӣ аст, сирри давлатӣ мешудааст? Ҳеҷ гап нест, ин ҳукми суд аст. Аз номи республика баромадааст, тамоми ҷомеъа, тамоми дунё бояд фаҳмад.
Раисикунанда: — Судшаванда Ёров аз доираи айб набароед.
Ёров Б.: — Ман дар бораи додарам гуфта истодаам, дар бораи дастгирии додарам.
Раисикунанда: — Вай дигар парванда аст, қарори суд баромад, баъд боз муҳокима мешавад.
Ёров Б.: — Ман қарори судро нагуфта истодаам. Ман гуфта истодаам, ки додари ман…
Раисикунанда: — Тафтиши парванда аст.
Ёров Б.: — Ман барои чӣ гуфтам…
Раисикунанда: — Парвандаи баррасишавандаро мебинем.
Ёров Б.: — Мӯҳтарам суд, мо як рӯзи таваллудро гузаронидем, дар дохили СИЗО. Ман мисраъҳои шеърии Муъмин Каноатро хондам, аз дидаҳом ашк омад. Ду одаме, ки дар ҳамон ҷо шиштагӣ ҳастанд, ман дар ҳамон ҷо гуфтам, ки ман барои чӣ ин ду бачаро ҳурмату эҳтиром мекунам. Барои он, ки бо додари ман дар даруни ИВС нишастагӣ ҳастанд. Муъмин Қаноат мегўяд:
Ба дида нақши рўи ту, ба гўш гуфтугўи ту,
Ҳанўз аз димоғи ман, нарафтааст бўи ту.
Бародарам, бародарам,
Бародари ба ҷону дил баробарам.
Вақте, ки ман хондам, бовар мекунед, гиряам омад, аз чашмам ашк омад. Чӣ хел ман дар суди охиронам дар бораи Ҷамшед нагўям. Ваќте ки Ҷамшеди ҷонони моро, инвалидро Раҳмон Юсуф мебарад маҳкам мекунад. Прокуроре, ки савод надорад, хар аст. Хара хар мегўянд.
Раисикунанда: — Ёров.
Ёров Б.: — Чӣ хел очаҷон даркор нест? Чӣ хел даркор нест? Ҷамшедро барои ман маҳкам мекунанд. Ман дар сухани охиронам фош накунам ин харора, ҳайвонҳора?
Раисикунанда: — Ёров! Ёров!
Модари Ёров Б: -Маҳкам мекунанд.
Ёров Б.: — Бигзор маҳкам кунанд, ҳамара маҳкам кунанд. Ҷамшеда барои ман бурда маҳкам мекунед, харо. Ҳайвонҳо, Саховҳо. Ҳазор сол пеш гуфта буданд, шумо хар ҳастед. Ҳар к-ў на хар аст, кофираш мехонанд. Хар будед, хар мемонед…. (нофаҳмо) дар 50 сол ҷои мара гирифта наметавонед. Ҷамшедро бурда маҳкам мекунед.
Модари Ёров Б.: — Илтимос бас.
Ёров Б.: — Мара имрӯз дар суд меган дар бораи Ҷамшед гап назан, ман дар сухани охиринам гап назанам? Дар бораи фарзанди падар гап назанам? Ҳайвон ҳастед шумо, хар ҳастед шумо. Прокурори генералӣ мегўяд я знать его не знаю забони тоҷикира намедонад… (нофаҳмо) имрӯз прокуратураро ёд метияд.
Модари Ёров Б.: — Бас аст Бузургмеҳрҷон. Илтимос бас.
Ёров Б.: — Имрўз шумо мара ёд медиҳед, харҳо… (нофаҳмо). Ман номи Ҷамшеда намегирифтам. Даркор шавад ман сартона мегирам барои Ҷамшед. Ҷамшеди бегуноҳа оварда мешинонанд.
Модари Ёров Б.: — Даркор нест Бузургмеҳрҷон. Нав хушрӯ баромад кардӣ, мора хурсанд кардӣ. Бефара шудӣ бачам, бо фикри одамои дигара кун. Чӣ кор кунем, ҳамин хел шуд кори дунё.Тоқат кардан даркор, тоқат. Бас аст бачам.
Ёров Б.: — Ман номи додарма мегирам, модарма мегирам, миллатма мегирам. Президент гуфта буд шумо хар ҳастед январи соли 2015 (бо ишора ба прокурор Такдирзода)
Модари Ёров Б.: — Мора бикушанд мо розӣ.
Аз толор: — Хола бшин худут. Овуш бтен.
Раисикунанда: — Судшаванда Ёров!
Аз толор: — Об нӯшед. Дору надоред?
Ёров Б.: — Дору даркор нест.
Адвокат: — Ором шудед, ба эҳсосот дода нашавед.
Раисикунанда: — Санад тартиб диҳед. Судшаванда Ёров, ақли солимро истифода баред, ин ҷо мурофиаи судӣ аст. Таҳқири намояндаи ҳокимият ҷиноят аст. Санад тартиб диҳед, барои чорагирии дахлдор. Ёров, мурофиаи судӣ аст, нисбати суд беэҳтиромӣ зоҳир накунед.
Ёров Б. : — Мӯҳтарам суд, ман нисбати суд…
Раисикунанда: — Ҳурмати худатонро ба ҷо биёред, тартиботро вайрон накунед. Мо чанд бор шуд, ки огоҳ карда истодаем. Эрод гирифтем, огоҳ ҳам кардем. Ҷояш омад, хоҳиш ҳам кардем. Ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо биёрем, беэҳтиромӣ накунем нисбати якдигар, актёрӣ кардан даркор нест.
Ёров Б.: — Актёрӣ надорам.
Раисикунанда: — Актёрӣ надоред, чӣ даркор дигар парвандаро мо эрод мегирем, аз доираи парванда набароен, шумо таҳқири намояндаи ҳокимият мекунед. Судшаванда Ёров тартиботи мурофиаи судиро вайрон накунед. Кори оромонаи судро шумо халалдор карда истодаед. Ҳамаи кормандони суд хеста омаданд.
Ёров Б.: — Омаданд, ки вайҳоро бинанд.(ишора ба прокурор)
Раисикунанда: — Ёров бас кунед актёриро.
Ёров Б.: — Ман актёрӣ надорам, мӯҳтарам суд.
Раисикунанда: — Ин ҷо мурофиаи судӣ аст. Тартиби осоиштаи судро вайрон накунед. Судшаванда Ёров, ба ғайри он ки тартиби дохилии судро вайрон карда истодаед, ба ҳайати суд ноэҳтиромӣ карда истодаед, тартиби кори осоиштаи судро халалдор карда истодаед.
Ёров Б.: — Омаданд, ки вайро бинанд.
Раисикунанда: — Ба ғайр аз шумо се-чор парвандаро дида истодаанд. 50-60 нафар кор карда истодаанд.
Ёров Б.: — Одамонро оварданашро ман дидам.
Раисикунанда: — Халалдор накунед. Санад тартиб диҳед барои беэњтиромӣ дар толори судӣ, ҳам нисбати намояндаи ҳокимият таҳқир намудан ва ҳам тартиби мурофиаи судро вайрон кардан, нисбаташон беэҳтиромӣ зоҳир кардани судшаванда Ёров Б. Ба мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.
Ёров Б.: — Ҳамон мақомоте, ки маро таъқиб карда истодааст? Равон кунед!
Идома дорад