Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ба бошишгоҳи муваққатии муҳоҷирон дар Вена ҳамла карданд

$
0
0

Дар шаҳри Венаи Австрия ашхоси номаълум ба бошишгоҳи муваққатии муҳоҷирон ҳамла оварданд.

Тибқи маълумоти дастрас, ҷинояткорон ҷониби бошишгоҳ чанд зарфи дорои маводи оташдор ҳаво дода, сипас фирор намуданд.

Дар пайи андешидани чораҳои бехатарӣ муҳоҷирон ба берун бароварда шуда, аз талафот ва дигар оқибатҳои ногувори ҳодиса пешгирӣ гардид.

Як манбаъи мо аз шаҳри Венаи Австрия ба мо гуфт, дар ин бошишгоҳ муҳоҷирони тоҷик зиндагӣ намекардаанд. Асосан дар ин бошишгоҳ муҳоҷирони Сурия ҷой дода шуда будаанд.

Дар ҳамсоякишвари Олмон бошад, мавридҳои ҳамла ба бошишгоҳҳои муҳоҷирон давоми 10 моҳи охир 832 ҳолат гуфта мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>