Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Коршиносон: Барои сарфаи қувваи барқ бояд бухориҳои гармидиҳӣ ба кор дароянд

$
0
0

Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе аз роҳбарони ниҳодҳои хоҷагидорӣ ва сокинони пойтахт даъват кардааст, нерӯи барқро сарфакорона истифода намоянд ва барои гарм намудани манзилҳояшон аз таҷҳизоти каммасраф ва сӯзишвориҳои алтернативӣ истифода намоянд.

Раиси шаҳр дастур додааст  баҳри сарфаи нерўи барқ фаъолияти нонвойхонаҳо ва гармобаҳои барқиро қатъ намуда, бо пешгирии омилҳои истифодаи ғайриқонунии нерўи барқ, пурзўр намудани тадбирҳои зиддисўхторӣ, ҳолати бо сўзишвориҳои алтернативӣ гарм кардани манзилҳои индивидуалии сокинон дар таносуби маҳаллаҳои маскунии шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Аммо коршиносон мегуянд, бастани  нонвойхонаву ҳаммомҳо салоҳи кор нест. Мардум ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешавад. Ба ҷои ин тибқи ваъдаи Муҳаммадсаид Убайдуллоев,  раиси ҳукумати шаҳри Душанбе, биноҳои баландошёна ба бухории гармидиҳӣ бояд таъмин мешуд, ки нашуд. Агар биноҳои баландошёна ба оби гарм таъмин мешуданд ва бухориҳои гармидиҳӣ ба кор медаромаданд, мардум барои гарм кардани хона ва об дигар воситаҳои гармидиҳии сермасрафро истифода намекард ва ҳам қувваи барқ зиёд исроф намешуд.

Ёдовар мешавем тобистони имсол сокинони шаҳри Душанбе аз шаҳрдорӣ дастур гирифта буданд, ки то оғози тирамоҳи соли ҷорӣ бухориҳои обии (отопление) хонаҳояшонро, ки аксари ин бухориҳо баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳангоми таъмири хонаҳо аз сӯи сокинон барчида шудааст дубора барқарор кунанд. Чун қарор аст, шаҳрдорӣ тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 се ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Синоро бо оби гарм таъмин карда, сипас, ноҳияи Фирдавсиро низ ба ин шабака пайваст намояд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>