Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чехия ва «сюрпризи»мухолифон

$
0
0

Шоми дирӯз 30 ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз  иштирок дар саммити об ва чанд вохуриҳои дигар дар шаҳри Будапешти Венгрия бо сафари расмӣ озими шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия шуд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳур дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон, вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои сафар ва гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Чехия Милош Земан имзои як қатор созишномаҳои дуҷониба дар назар аст.

Маврид ба зикр аст, ки баъди нашри хабари сафари Раҳмон ба Ҷумҳурии Чех, Нуриддин Ризоӣ, фаъоли сиёсӣ ва яке аз фаъолони Гурӯҳи 24 дар шабакаи иҷтимоии фейсбук “маслиҳат ба миён” гузошт, то назари мухолифини ҳукуматро дар бораи сафар ба Ҷумҳурии Чех барои “пешвозгирӣ”-и раисҷумҳури Тоҷикистон ҷамъ намояд.

Баъдан ин фаъоли сиёсӣ боз дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки: «Барномаи Раҳмоновро дар Прага фардо аз фурудгоҳ то фурудгоҳ дар даст дорем. Куҷо соати чанд бо ки вохурӣ мекунад…
Бинобарин дар ҳар нуқтае «сюрприз»-e барош омода кардаем»

Яке аз корбарони шабака навишта буд ҳозир аст аз Лаҳистон ду мусофирбар одам барои “пешвоз”-и Раҳмон ба Ҷумҳурии Чех бифристад.

Ҳатто барои омода намудани шиорҳое, ки барои “пешвози” Эмомалӣ Раҳмон бояд омода мекарданд, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук назарҳои зиёд гуфта шуда буданд.

Аммо аз натиҷаи тасмими онҳо ва оё Эмомалӣ Раҳмонро “пешвоз” гирифтанд  ва оё «сюрпризи» омодакардаашон эъто шуд, ҳеҷ хабаре то ҳол дастрас нашудааст. Дар сурати дастарс шудани маълумот дар ин бора ПАЁМ.net ҳатман пешкаши хонандагон мегардонад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>