Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муҳоҷири тоҷикистониро барои пешниҳоди пора ба корманди “ФСБ” боздошт намуданд

$
0
0

Ҳодисаи маркур дар шаҳри Саратови Руссия рух додааст. Мақомоти интизомии ин шаҳр гуфтаанд, Алишер Хоҷаназаров ном шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми пешниҳоди пора ба корманди масъули Хадамоти федералии амният-“ФСБ” дастгир кардаанд. Шӯъбаи тафтишотӣ гуфтааст, ки Алишер Хоҷаназаров барои гирифтани патент, ё иҷозатномаи кор ба идораи умури дохилаи шаҳри Саратов паспорти худро супоридааст.

Аммо кормандони ин идора шубҳа кардаанд, ки шояд ин шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Руссия ғайриқонунӣ ҳузур дорад. Ва барои рафъи шубҳаҳо шиносномаи ӯро барои тафтиш ба “ФСБ” супоридааст.

Назар ба маълумоти муфаттишон Хоҷаназаров барои бидуни тафтишот бозпас гирифтани паспорти худ ба як кормани Хадамоти федеролии амният дар ҳаҷми 30 ҳазор рубл пора пешниҳод кардааст ва фавран аз ҷониби мақомоти интизомӣ ба ин ҷурм маври боздошт қарор гирифтааст.


Қонунгузориҳои Руссия барои ин ҷиноят 6 соли зиндонро пешниҳод мекунанд ва аз эҳтимол дур нест, ки Алишер Хоҷаназаров барои як амали ношоиста 6 соли умри худро паси панҷара бигузаронад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>