Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Оҷил! Бародарон ва ҷияни Маҳмадӣ Тешаев боздошт шудаанд

$
0
0

Се бародари собиқ раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадӣ Тешаев аз тарафи кормандони КДАМ боздошт ва ба самти номаълум бурда шудаанд.

Ин боздошт дирӯз сурат гирифта, то ҳанӯз аз онҳо хабаре нест. Сафаралӣ ва Шералӣ Тешаевҳо, ки ду бародарашон Маҳмадӣ ва Ҳабибуллоҳ дар Олмон ва Лаҳистон паноҳанда шудаанд, бо гумони ғолиб барои бозҷӯи аз бародаронашон бурда шудаанд. Ҳамчунин ҷияни онҳо Илҳом Тешаев боздошт шудааст.

Қаблан Ҳабибулло зери фишори КДАМ қарор дошт ва маҷбур шуд ба Лаҳистон ҳиҷрат кунад. Ӯ дар конфронси САҲА дар Варшава яке аз ширкаткунандагони ҳайати ҳукуматиро шинохт, ки корманди КДАМ буда, дар партофтани яроқ ба хонаашон даст доштааст. Баъди шинохтани Ҳабибулло он корманди КДАМ дигар дар нишаст пайдо нашуд.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles