Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Исботи боз як сохтакории мақомот алайҳи Бузургмеҳр Ёров (давомаш)

$
0
0

Ба дасти мо матни баромади Бузургмеҳр Ёров дар бораи иттиҳоми мақомот алайҳи ӯ, ки гӯё аз нафаре бо номи Одинаев Эмомалӣ бо роҳи тақаллуб пул гирифтааст ва сабти садоии гуфтугӯи ҳамсари Бузургмеҳр бо Э. Одинаев расидааст.

Дар ин баромадаш Бузургмеҳр собит мекунад, ки ин як иттиҳоми сохта аст ва ӯ аз ин нафар пул нагирифтааст. Аммо дар сабти гуфтугӯ, ки дирӯз нашр шуд, Одинаев ба ҳамсари Бузургмеҳр собит карданӣ мешавад, ки ӯ аслан ариза нанавиштааст.

Инак қисмати дуввуми баромади Бузургмеҳр Ёров:

Аз ин стенограмма дида мешавад, ки чӣ тавр Одинаев Э. ва наздиконашро маҷбур намудаанд, ки тӯҳмат намоянд.  Аз Ҷ.3 саҳ.154-156 пурсиши Талбакзода Иброншо Талбак дида мешавад,  ки ӯ додари Одинаев Э. буда, корманди ВКД ҶТ мебошад. Аз Ҷ.3 саҳ. 145-148 пурсиши Одинаев Эмомалӣ дида мешавад, ки ӯ айни ҳол дар КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе» сардори шӯъбаи аудити дохилӣ кор менамояд. Аз Ҷ.3 саҳ.144а-144в, Ҷ.3 сах. 144АБВ дида мешавад… (мутаассифона ҳуҷҷати зикршуда ҳанӯз дастраси мо нашудааст (Паём.нет))

Яъне дида мешавад, ки дузд Одинаев Эмомалӣ ки дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ то соли 2012 миллионҳо сомонии супордаи донишҷӯёнро дуздида буд, имрӯзҳо равиши ҷаъмшавӣ ва хароҷоти милионҳо пуле, ки  сокинони шаҳри Душанбе ба КВД «Обукорезии ш. Душанбе» мусупоранд – аудит менамояд. Тӯҳматчӣ ва дузд Одинаев Эмомалӣ бо дастгирии президент Эмомалӣ Раҳмон  дар дигар ҷой ба дуздӣ машғул мешавад,  фақат барои озодона дуздӣ намудани ӯ як шарт гузошта мешавад: «Ту Ёров Б.-ро тӯҳмат намо, то ки номзадиашро ба мансаби Президентӣ дар соли 2020 намонад».

Абдурасулзода аз ҷиҳати бесаводӣ умуман на ба Одинаев Э. на  ба Талбакзода Иброншо оиди он савол намедиҳад, ки «Оё шумо хусурбачаи Ёров Б. – шаҳрванд Набиев Зафарро мешиносед, ё не?. Масофаи байни хонаи шумо ва Набиев Зафар чанд метр аст? Оё ҳар ҳафта аз рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа  саҳару шом Ёров Б., оилааш ва ду кӯдаки хурдсолашро  ба хонаи хушдоманаш аз пеши хонаи Шумо гузашта мебурд ё не? Агар гузашта мебурд, пас 3 сол шумо ӯро чӣ тавр дарёфт карда натавонистед?»

Тафтишоте, ки оддитарин саволҳоро имкони додан надорад, чӣ зарурият аст, ки мо онро нигоҳ дорем? Оё аз будани он набуданаш беҳтар нест? Ба тафтишот бо дастгирии муфатиш Ҳакимов М. ман аз компютери кории дар дасти муфаттиш Ҳакимов М. буда пурра тамоми амалиёти тафтишотие, ки бо (ширкати) шахсии Одинев Э. гузаронида шудааст, доираи шоҳидоне, ки барои дастгирии ӯ ариза навиштаанд, пешниҳод намудам. Тафтишоти пешакӣ ин далелҳоро бо маводҳои парвандаи ҷиноятии Одинаев Э. умуман муқоиса накардаанд.

Дар Ҷ.3 саҳ. 171-173 пурсиши дигари Одинаев Эмомалӣ мавҷуд аст. Аз ин пурсиш дида мешавад, ки Одинаев Э. нишондодҳои маро тасдиқ менамояд, аммо тафтишот аз бесаводӣ савол оиди он монда наметавонад, ки «чаро шумо тӯҳматчӣ Одинаев Э. дар аризаю баёноту пурсиши пештараатон ин ҳолатҳоро пинҳон кардед? Чаро ба Шумо ёрии ҳуқуқӣ дар шакли 2 аризаи муҳим, бардоштани доғи судӣ ва руёнидани 4000 сомонӣ навишта шуд? Шумо оё ягон имтиёзе барои гирифтани ёрии ҳуқуқии бепул доштед ё не? Дар ҳоле, ки 4000 сомониро ба воситаи донишҳои ҳуқуқии Ёров Б. гирифтед дар ин шакл ба шумо оё ёрии ҳуқуқӣ расонида нашудааст? Шумо ягон мукофотпулӣ баъди гирифтани 4000 сомонӣ ба Ёров Б. додед ё не? Адвокат Ёров Б. аз соли 2012 шуморо фиреб додааст, чаро боз ба пеши Ёров Б. рафтеду ба пеши адвокат Раҳмонов Меҳрубон  барои навиштани 2 аризаи боло нарафтед? Чӣ фарқ дар байни адвокат Ёров Б. ва Раҳмонов М. дида мешавад? Агар шумо ба адвокат Ёров Б. 200$ дода бошед, ӯ ба  шумо ғайр аз иштирок дар парвандаи чиноятӣ, навиштани ариза оиди бардоштани доғи судӣ, боз 4000 сомонӣ ёрӣ додааст,  ки маблағатонро баргардонида диҳанд. Пас аз 200$ — чӣ миқдор пулро барои меҳнати Ёров Б. ҷудо намудед?

Аз сабаби он, ки умуман Одинаев Э. пуле додагӣ нест, ин саволҳо ба ӯ дода нашудаанд. Сабаби ба тариқи ройгон – бепул расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба Одинаев Э. аз тарафи ман дар он иборат буд, ки додари у Иброншоҳ рафиқи хусурбачаам  Набиев Зафар буд. Одинаев Эмомалӣ хамчун зодаи ноҳияи Ғарм солҳои ҷанги гражданӣ дар хонаи падару модари оилаи ман Набиева З.З. пинҳон шуда буд, аз ин рӯ аз пули медода ва ё намедодаи ӯ ман ҳеҷ гоҳ бою камбағал намешудам, дар ин ҳолат агар ӯ пул медод, пас аз пули додааи худаш миннатдор мешуд на ин ки аз Набиев Зафар. Бинобар ин ман аз ӯ маблағе нагирифтам.

Дар ин лаҳза ва дигар лаҳзаҳои тафтишот барои ба тариқи сунъӣ тайёр намудани далелҳои айбдоркунии сунъӣ оиди он дар айб ҷой медихад, ки «аз шиносҳояш қарз гирифта», Одинаев Э. умуман ба ман маблағе надодааст. Барои прокурори тафтишот изҳор намуданиям, ки барои адвокат вақте, ки ҳаққи хизматашро мегирад фарқ надорад, ки муштарию ваколатдиҳанда барои иҷро намудани ӯҳдадориҳояш аз куҷо, чӣ тавр карз мегирад. Онҳо хоҳанд аз Президент Эмомалӣ Раҳмон, ё ин ки аз Абдурасулзода А. қарз гиранд. Ман намепурсам, ки ин пулхо кай, дар кадом станоки пулдиҳӣ чоп шудааст, чӣ тавр, бо поезд ё бо самолёт ба Душанбе омадааст. Он пул чанд бор дар гардиши кӣ буд ба ман лозим нест. Дар лаҳзаҳои Наҷотов Абдулло, Ниёзова Аслия, Ҷӯраев Қурбоналӣ, Қурбонов Дӯстмурод, Хоҷаев Беҳрӯз, Ҳафизова Бибираҳим, Ҳоҷизода Фирдавс, Одинаев Эмомалӣ, Яқубова Адиба ин ҳолати сохтакории сунъии далелҳо пурра ва баръало дида мешаванд.

 Тафтишот ба Одинаев Э. савол намедиҳад, ки  қариб як миллион  сомонии зарари расонидааш  ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро аз куҷо пардохт кард, оё қарзе барои пардохти ин маблағ гирифта буд, ё ин ки тӯли солҳои дароз дуздӣ карда, пулҳои дуздидаашро  умуман сарф намекард? Агар пулҳои дуздидаро сарф намекард, чаро ин пулҳоро медуздад? Ӯ баъди ба озодӣ баромадан дар ҳеҷ куҷое  муддати дароз кор намекард пас оё барои пеш бурдани рӯзгори оилааш, ки 7 фарзанд дорад, оилааш дар ягон ҷой кор наменамояд, ниёз ба қарз надошт?

Надодани ин саволҳо таъқиби  сиёсӣ  ва адвокатиро баръало нишон медихад.

 Бинобар набудани таркиби  ҷиноят ва набудани ҷиноят, дар ин қисм  қисмати айбнома нисбати ман қатъ карда шавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>