Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Вокуниши ширкаткунандагони конфронси САҲА дар Варшава ба изҳороти С. Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон

$
0
0

Мо, ширкаткунандагони конфронси солонаи САҲА оид ба меъёрҳои ҳуқуқи башар дар Варшава баёноти ахири вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Асловро дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви САҲА дар ш. Гамбурги Олмон шадидан маҳкум мекунем.  

Ҷаноби Аслов намояндагони созмонҳо, ҳизбу ҳаракатҳо ва фаъъолони мустақилро, ки дар кори ин нишаст ба намояндагӣ аз ҷомеъаи шаҳрвандии кишвар ширкат намуданд, »ҷинояткор» номида, аз САҲА тақозо намуд, ки минбаьд дар чорабиниҳои ин созмони байналмиллалӣ чунин афрод имконияти ширкат надошта бошанд. Мутаассифона, солҳои ахир тоҷикон ва тоҷикистониёнро ҳамчун ҷинояткор муаррифӣ кардан дар хориҷ ба як сиёсати тарроҳишудаи ҳукумати Тоҷикистон табдил шудааст, ки ниҳоятан  вазорати умури хориҷа ҳам ба ин сиёсати зиддимиллӣ кашонида шуд. Ҳол он, ки вазифаи аслии вазорати хориҷаи як кишвар муаррифии мусбати миллат ва сохтани фазои ҳамкориву ҳамгироӣ, аз ҷумла бо ҳамватанони хориҷии худ мебошад. Бидуни далел ва ба таври умумӣ муттаҳам намудани ҳамватанони дигарандеши худ ба ҷинояткорӣ аз тарафи як мақоми расмии кишвар баёнгари он аст, ки Ҳукумати ҶТ қобилияти таҳаммули камтарин интиқод ва назари мухолифро аз даст додааст ва идомаи роҳро танҳо дар зуроварӣ, куштор ва ҳабси мухолифину дигарандешон мебинад. Мо бо маҳкум намудани ин амали зиддимилли Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ҳамзамон ба худи масъалагузорӣ, ки »набояд ҷинояткорон дар чорабиниҳои САҲА роҳ ёбанд», мувофиқем.  На танҳо аз САҲА, балки аз Вазорати умумри хориҷаи Тоҷикистон тақозо менамоем, ки минбаъд ба ворид шудани ҷинояткорон дар ҳайати расмии Ҳукумати ҶТ роҳ надиҳад. Зеро, маҳз ин вазорат ва шахсан худи ҷаноби Аслов масъулияти омода кардан ва ширкати ҳайати ҳукуматро дар чунин нишастҳо доранд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ки дар байни ҷомеъаи шаҳрвандӣ »ҷинояткорон»-ро ҷустутҷӯ дорад, чигуна имкон дод, ки як ҷиноятпешаи ошкор аз мақомоти қудратии кишвар дар ҳайати расмӣ дар кори ин конфронс ширкат намояд? Пас аз он, ки баъзе  ширкаткунандагони азиятшуда аз дасти ин ҷинояткор ӯро шинохтанд ва ба масъулини конфронс ва баъзе ҳайатҳои кишварҳои узви САҲА хабар доданд, ин узви ҳайати расмии ҳукумат аз чашмҳо ғайб зад ва минбаъд дар кори конфронс ширкат накард.

amniyati-1Маълум гашт, ки ин ҷинояткор баъди ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, дақиқан рӯзи 19 сентябр ҳамон сол ба манзили фаъоли ҲНИТ Маҳмадӣ Тешаев, истиқоматкунандаи н. Рудакӣ ворид гашта, ҳамроҳ бо дигар мақомоти қудратӣ талош кардааст, ки дар ҳавлии ӯ силоҳро бигузорад ва баъдан “дар натиҷаи кофтуковӣ оперативӣ” пайдо намуда, парвандасозӣ кунад. Бар асоси ин нақшаи аз пешомодашуда, ин ҷинояткор ҳамроҳи дигар мақомоти қудратӣ баъди ин ки бародарашро бо баҳонаи овардани зинапоя ба хонаи ҳамсоя фиристоданд, чанд силоҳро дар гушае аз ҳавлии ин фаъоли сиёсӣ гузоштанд ва  бар ин асос, алайҳи Маҳмадӣ Тешаев, парванда боз карданд. Ҳатто баъди дидани ин ҳодиса аз ҷониби фарзандон ва Ҳабибуллоҳ Тешаев (бародари Маҳмадӣ Тешаев) ва эътирози онҳо, онҳоро мавриди зарбу шатм ва шиканҷа қарор доданд. Ширкат кардани чунин ҷинояткор дар ҳайати расмии ҳукумати кишвар дар конфронси ҳуқуқи башар маънии туф кардан ва масхара кардани арзишҳои эълоншуда ва имзошуда  мебошад. Аз тарафи дигар, ин маънии ҳамдаст ва шарик будан дар ҷиноятҳои зидди-башарӣ мебошад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳам содир кардааст ва ҳам онро ҳимоят мекунад.

Бо камоли таассуф бояд зикр кард, ки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон  ва ниҳодҳои зертобеъи он дар хориҷ рӯз ба рӯз аз вазифаҳои аслии худ дур рафта, табдил ба як ниҳоди хариду фуруши санадҳо, фасодзадагиву ҷинояткорӣ ва ҷосусӣ аз болои ҳамватанони худ мегардад. Танҳо дар чанд соли гузашта, чандин ҳодисаи таҷовуз ба номус аз тарафи »дипломатҳои» ин вазорат, хариду фуруши маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо содир гашт, ки обруйи кишварро дар сатҳи байналмиллалӣ поин бурд. Баъзе кишварҳои ҳамсоя ҳатто суҳбати телефонии худи вазирро низ нашр карданд, ки мехост ҷинояти яке аз зертобеъҳояшро рупуш кунад.

Фаъъолони сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик дар хориҷ дар оянда низ аз тамоми имконоти қонунӣ ва мусолаҳатомез барои расонидани дарди миллату Ватан ба ҷаҳониён истифода хоҳанд кард. Ҳама талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои ифротгаро ва ҷинояткор нишон додани тоҷикон дар хориҷ рӯз то рӯз ба шикаст мувоҷеҳ гашта, ҳамзамон чеҳраи воқеъии масъулини баландпояи ҳукумат назди ҷаҳониён бештар ошкор мегардад. Мо тасмим гирифтаем, ки то озод шудани маҳбусони сиёсӣ, барқарор кардани ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодии мардум, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ иқдомҳои худро дар ҳама гушаҳои олам идома диҳем.

Иштирокчиёни Конфронси солонаи САҲА дар Варшава.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>