-
Иёлоти муттаҳидаи Амрико рӯзи ҷумъаи 16 декабр эълом доштааст, ки ҳар касе дар бораи макони будубоши Абубакр Бағдодӣ маълумоте медиҳад, 25 миллион доллар ҷоиза хоҳад гирифт.
Гуфта мешавад, Бағдодӣ худро ду сол пеш аз ин халифаи Ироқу Сурия эълом карда буд, ки ҳоло даргириҳои шадид дар ин минтақа идома доранд. ИМА моҳи октябри соли 2014 барои ошкор сохтани ҷои Бағдодӣ 10 миллион доллар ҷоиза таъин сохта буд. Аммо бо гузашти ду сол ин амал натиҷае надода, Департаменти давлатии Амрико ҳаҷми ҷоизаашро ба 25 миллион доллар боло бурд.
Номи аслии Абубакр Бағдодӣ Иброҳим Самарраӣ будааст ва дар борааш маълумоте зиёде низ ифшо нагаштааст. Ҳоло макони зисти ӯ номаълум мемонад. Хабаргузориҳо эҳтимол мекунанд, ки ӯ шояд дар шаҳри Мосули Ироқ ба сар мебарад ё дар ягон мавзеи таҳти контрули ДИ ба таври пинҳонӣ зиндагӣ мекунад. Аз ин пеш дар бораи захмӣ гаштани Бағдодӣ ва заҳролуд карда шудани ӯ хабарҳои зидду нақизе низ расида буданд. Дар ин бораи расонаҳо ироқӣ маълумот медоданд.
Имрӯз ДИ як қисми минтақаҳои Ироқу Сурияро таҳти тасарруф дорад ва дар сафи ҷангиёни ин созмони террористӣ зиёдтар аз 1000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон низ пайваста, алайҳи нерӯҳои Башор Асад ва давлати Ироқ меҷанганд. Тибқи омори расмӣ 300 нафар размандагони тоҷик ҳини даргириҳо ба ҳалокат расида, хабари маргашонро пайвандонашон дарёб кардаанд. Раҳбари пешини ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов низ ба созмони ДИ пайвастааст ва таҳти парчами ин созмон меҷангад.
Охири моҳи августи соли 2016 Курт Райс, муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳои назди дафтари амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА ба хабарнигорон гуфта буд, ки кишвараш барои маълумот дар бораи маҳалли зисти Гулмурод Ҳалимов 3 миллион доллар ҷоиза муайян сохтааст. Ба созмони ДИ пайвастани Гулмурод Ҳалимов коршиносони ҳарбии Руссияро низ нигарон карда буд. Чунки Ҳалимов мактабу таълимоти ҷангии русро гузашта, аз нозукиҳои он воқиф аст ва ин андӯхтаҳояш ба размандагони ин созмони ифротгаро кор хоҳанд омад.
↧
Ҷоизаи 25 миллиондолларии ИМА барои маълумот дар бораи Бағдодӣ
↧